Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ мактаби тобистона ба кори худ оғоз намуд

Июль 25, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев вобаста ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо мактаби тобистона таҳти унвони «Коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии ҳамгирошудаи ҳавзаи об дар манзараҳои ҳайратенгези Бадахшон» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар мактаби тобистона донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ, Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мутахассисон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии обуҳавошиносӣ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳ ректори доншгоҳ Амид Комилбек доир ба аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи пиряхҳо, таъғирёбии иқлим, роҳҳо ва усулҳои бартараф намудани мушкилот дар ин самт ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона шудааст.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

Июль 25, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд