Дар Душанбе пойгоҳи миллии ройгон барои ҷустуҷӯи кор ва коргарон муаррифӣ гардид

Июль 11, 2024 17:49

ДУШАНБЕ, 11.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии сомонаи «KOR.TJ», ки он бо мақсади саривақт бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва пешниҳоди ҷойҳои корӣ таҳия шудааст, доир гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ба гуфти муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Қиёмиддин Давлатзода вазорат бо мақсади иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Стратегияи давлатии «технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сомонаи мазкурро дар шакли нав ва тарзи қулай барои истифодабарии корҷӯён ва корфармоён таҳия намуд.

Иброз гардид, ки сомона бо мақсади саривақт бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва пешниҳоди ҷойҳои корӣ аз ҷониби ташкилотҳои давлативу хусусӣ пешбинӣ гардида, он барои ба танзим даровардани ҷойҳо холии корӣ ва коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки «Kor.tj» пойгоҳест, ки барои расонидани ёрӣ ба шаҳрвандон дар ҷустуҷӯи кор ва ба корфармоён ёфтани коргарон сохта шудааст. Дар портал шумо метавонед маълумот дар бораи корфармоён, эълонҳои ҷойҳои корӣ ва шароити корӣ дар ҷойҳои кориро дарёфт намоед. Сомонаи мазкур бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ дастрас буда, он пойгоҳи миллии ройгон барои ҷустуҷӯи кор ва коргарон мебошад.

Бояд гуфт, ки сомона барои корҷӯёну корфармоён имкониятҳои васе фароҳам сохта, он дар замимаи барномаи Android ва iOS фаъол мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2024 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид