Дар ноҳияи Данғара бо иштироки занони фаъол ҳамоиши фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Данғара аз ҷониби занони фаъоли вилояти Хатлон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ва мулоқоту суҳбат бо сокинон дар мавзуъҳои муҳими рӯз баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ ва попурӣ муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳо тарзи омода намудани таомҳои миллӣ нишон дода шуда, тарроҳон ва чеварон либосӣ миллии муосирро тарғиб намуданд.
Ҳамчунин дар доираи баргузории чорабиниҳои мазкур, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила бо собиқадорони фаъоли ноҳия суҳбат ороста, фаъолияти меҳнатии онҳоро намунаи ибрат барои насли имрӯза арзёбӣ намуданд.
Дар ин рӯз масъулони Кумита, бо усули «Маҳал ба маҳал», «Деҳа ба деҳа» бо сокинони ноҳии Данғара доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин риояи ҷашну маросим, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.


Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки «имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои занон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Мо, занон-модарон, пеш аз ҳама бояд дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем».
«Яке аз ин ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон мебошад, ки имконияти хубест барои фаъолияти ҳунармандии занони мамлакат»,- афзуд номбурда.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд






