Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт таъмини 665 бино бо неруи гармӣ ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, таъмини 665 адад биноро бо неруи гармӣ ба нақша гирифтааст. Аз ин теъдод, айни замон 143 бино барои қабули нерӯи гармӣ омода шуда, дар биноҳои боқимонда корҳои таъмирӣ идома доранд. Дар ин хусус 24 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, иҷрокунандаи Раиси ноҳия иттилоъ дод.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон корҳои ободонӣ вусъат ёфта, ҷиҳати хуррамгардонии ноҳия зиёда аз 77 ҳазору 680 бех ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан, 3729401 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ, 37239 қаламча, 121192 бех гули садбарг, 1 миллиону 90 ҳазору 250 бех гули лола шинонида, масоҳати 26 ҳазору 230 метри мурабаъ майсазор гардонида шудааст.
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, дар маҷмӯъ 1023 гектар майдони умумии кишти зироат мавҷуд буда, аз ин, 25 гектар заминҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 494 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 512 гектар заминҳои хоҷагиҳои аҳолӣ мебошад.
Дар заминҳои ҳудуди ноҳия 272 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд, ки дар ихтиёри худ 494 гектар заминҳои обӣ доранд.
Тибқи нақша, 361 гектар замини кишт ба нақша гирифта шуда, дар асл дар майдони 382 гектар кишти тирамоҳиву баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 21 гектар барзиёд ё 106 фоиз нақшаро ташкил медиҳад.
Акс: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






