ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус

Июль 14, 2024 09:29

ДУШАНБЕ, 14.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар сиёсати байналмилалии Тоҷикистон солҳои охир ба шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллати мо пайваста саҳифаҳои нави рангин зам гардида, уруҷи дурахшони ин сиёсат ба баландии шаъну эътибор ва пазироиву истиқбол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарчи бештар падидор аст. Ба далели ин гуфтаҳо, ду рӯйдоди хеле дурахшони сатҳи баланд дар ҷумҳурии мо, ду зуҳуроти хеле муҳими баланди сиёсӣ: аввалан — сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, мулоқоти ӯ бо Пешвои миллати мо ва сипас сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳама руйдодҳои вобаста ба онро метавон ном бурд. Бо чунин матлаб мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар ҳошияи сафари Дабири кулли СММ ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки дар аввали моҳи июли соли равон доир гардид, оғоз шудааст. Камол Насрулло дар шарҳи бештари ин мавзуъ чунин изҳори назар кардааст:

— Ҳарду ин рӯйдод аз мақому мавқеи баланди байналмилалии Пешвои миллати тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар ба олам дарак дод. Аз ҷониби Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид эътирофи баланди хидматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми боризи Сарвари давлат дар сиёсати ҷаҳонӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии инсонияту Сайёра на танҳо эътирофи ин шахсияти наҷиб, балки ифтихори миллии мо мебошад.

Аз ҷониби Антониу Гутерриш эътироф карда шуд, ки «Тоҷикистон дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста дорад, мо ҳаргиз он иқтидор, неру ва фаъолияти бевоситаи Тоҷикистонро ҷиҳати дар тамоми дунё баррасӣ намудани масъалаи об фаромӯш намекунем».

Ҳамчунин Дабири кулли СММ иброз дошт, ки «Тоҷикистон иқдомҳое пеш гирифтааст, ки хеле назаррас мебошанд.Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони минтақавӣ ва дар самти пешгирии обшавии пиряхҳо шарики қавии Созмони Милали Муттаҳид аст».

Антониу Гутерриш ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки «бо ташаббуси Шумо, мо даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» –ро амалӣ менамоем».

Яъне, имрӯз иқдому пешниҳодҳои Сарвари тоҷикон дар шумори барномаҳои зиндагисоз ва тақдирсози сайёраи Замин ва инсоният аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 13 июни соли 2024 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони Конфронси сеюми байналмиллалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмиллаии амал «Об барои рушди устувор солҳли 2018-2924» гардид.

Бидуни шубҳа, эътирофи Созмони Милали Муттаҳид ва хусусан аз забони Дабири кулли он садо додани ин суханҳо, маънои эътирофи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ аз саҳм ва ташаббусҳои боризи Пешвои миллат ва Тоҷикистони азизи моро дорад.

Рӯйдоди дигари барҷастаи рӯзҳои мо, аз ҷониби Сарвари Чин, яке аз сиёсатмадорони номдор ва эътирофгардидаи ҷаҳони имрӯза Си Ҷинпин сазовори мукофоти олии давлатии ин кишвар- Ордени «Дӯстӣ» гардидани Пешвои миллати мо мебошад. Хусусан ин далел ҷолиб ва ифтихоромез барои мост, ки Сарвари давлати мо аз аввалинҳоеянд, ки ба ин мукофоти олӣ аз беруни ин кишвар сазовор гардиданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин нақши Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими муносибатҳои накӯи ду ҷумҳурии дӯсту бародар ва дар сиёсатҳои минтақавию ҷаҳонӣ боризу барҷаста номида, таъкид доштанд, ки ба ин хотир бори аввал дар таърихи давлатдории Чин ин мукофоти олии давлатӣ – Ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин берун аз мамлакат тақдим карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мукофотро, қабл аз ҳама подоши саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин арзёбӣ намуданд.

Дар ин мулоқот изҳори баланди муҳаббати бародаронаи байни сарварони ду ҷумҳурӣ эҳсос карда мешуд. Президенти мо бо камоли эҳтиром ва пазироӣ Си Ҷинпинро яке аз барҷастатарин сиёсатмадорони замони муосир баҳогузорӣ карда, баҳои баланд ба шахсияти сиёсиву инсонияшон доданд. Аз ҷониби Си Ҷинпин ба мукофоти олӣ сазовор донистани Сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар навбати худ баҳогузорӣ ва эътирофи баланди Президенти мо мебошад.

Чунин эътирофи самимонаву пур аз муҳаббати бародарона ба ҳамдигар дар байни сарони мамлакатҳо кам дида мешавад. Аслан шахсияти Президенти мо, муносибати неку самимонаву хайрхоҳонаи инсонияшон борҳо боиси он гардидааст, ки ҳатто пас аз мулоқоти аввал бо сарвари олирутбаи ин ё он мамлакат ҳарду ҳамдигарро бо эҳтирому дӯстона «бародар» ном мебаранд. Яъне, Президенти мо зуд ба дили дигарон роҳ меёбанд. Мо ин зуҳуротро борҳо дидаем. Ҳамин сифатҳост, ки Президенти мо дар байни ҳама сарони давлатҳо аз муҳаббати хосса бархурдор буда, бо аксари онон муносибати неки бародарона доранд. Ин падида ҳамеша ба чашм намоён аст.

Ана ҳамин хел Пешво дорем мо — тоҷикон!

Ҳосили ҳамин сиёсати дӯстонаву дурандешонаи Пешвои миллати мо дар муносибат бо Ҷумҳурии Мардумии Чин низ самараҳои хеле неку ҷолиб ба бор додааст. Ҳамин сиёсат буд, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок амал мекунад.

Афзоиши устувори ҳаҷми гардиши байни мамлакатҳо бо суръати баланд идома дорад. Афзоиши минбаъдаи сармоягузории Чин дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, бахши кишоварзӣ, рақамикунонии иқтисод ва зеҳни сунъӣ амри зарурӣ дониста шудааст. Оқибат ҷорӣ намудани истеҳсоли «технологияи сабз», хусусан мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, ва шабакаҳои барқии ҳушманд ва самтҳои дигарро метавон ном бурд, ки самараи муносибати неку дӯстона бо чиниён аст.

Метавон дар бораи рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, бахшҳои тандурустӣ, дорусозӣ, робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳои ҳамкорӣ низ хеле сухан кард. Ин аст, ки Сарвари мамлакати мо дар мулоқоти сатҳи баланд бо Раиси Чин самимона иброз доштанд:

«Мо дар шахсияти Шумо, ҷаноби Раис, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди мардуми худро мебинем. Дидори ҳамсояҳои нек ва дӯстони дерина барои мо ҳамеша рӯйдоди бузургу хурсандиовар аст».

Дар мулоқоти мазкур 29 санади муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ду ҷумҳурӣ дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд, ки гувоҳи инкишофи рӯзафзуни муносибат ва ҳамкории нек аст. Бале, бесабаб нест, ки ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2007-2023 чор миллиард долларро ташкил додааст, ки беш аз 2,5 миллиарди он сармояи мустақим мебошад.

Яке аз зуҳуротҳои ҷолиби диданӣ дар рӯзҳои сафари Си Ҷинпин, дар вазъияти тантанавӣ бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзии ифтитоҳи расмии ду иншооти муҳташами муосир – Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҷолиб аст, ки сохтмони маҷмааи биноҳои мазкур, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудааст, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин мамлакати дӯсту ҳамсояи бузурги мо амалӣ шуд.

Хуллас, самараҳои неки ҳамкорӣ ва ҳамдилии ҷумҳуриҳои Чину Тоҷикистон намунаи ибрат ба тамоми ҷаҳониён аст, ки дар ин асри хатарзо ва ноамн танҳо дӯстӣ ва амну осоиш, эҳтирому эътимод ба якдигар, сиёсати оқилонаи тарафайн метавонанд чунин натиҷаҳои олӣ дар ҳамзистии осоишта ва бунёди қавии сулҳу аминият, сатҳи баланди зиндагии халқҳо замина гузоранд.

Ин навиштаро бо чаҳор мисраи самимона, ки ба шахсияти бузурги Пешвои миллатамон бахшида шудааст, мехоҳам ҷамъбаст бахшам:

Чеҳраи ӯ медурахшад дар фарози асри мо,
Чун намои ақлу некиву шуҷоатҳои нав.
Мерасад бар ҳоҷати Сайёраву аҳли башар,
Бо фари иқдоми тоза, бо кафолатҳои нав!

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2024 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент