ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ. Роҳбарони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ такмили ихтисос намуданд

Июль 20, 2024 10:46

ДУШАНБЕ, 20.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 18 июл машғулияти такмили ихтисос барои 30 нафар муовинон ва роҳбарони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дигар кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ аз рӯйи барномаи таълимии «Баррасии масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ хабар доданд.

Машғулияти такмили ихтисос дар доираи “Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади такмили дониш ва таҷрибаи шахсони рухсат ба сирри давлатӣ дошта ва бевосита масъул дар риоя ва пешбурди низоми махфият дар мақомоти давлатӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва коркарди маълумот дар воситаҳои техникии мутобиқ ба талаботи амнияти иттилоотӣ роҳандозӣ гардида, ба шунавандагони машғулият тибқи барномаи таълимӣ дар ҳаҷми 16 соат вобаста ба мавзуъҳои мубрами соҳа мутахассисони соҳибтахассус дарс мегӯянд.

Машғулияти такмили ихтисос дар шакли лексия — мубоҳиса ва кори амалӣ гузаронида шуда, анҷоми он бо роҳи пешниҳоди саволномаи тестии соҳавӣ натиҷагирӣ карда шуд.

Дар охири чорабинӣ ба шунавандагони машғулияти такмили ихтисос аз рӯйи барномаи таълимии «Баррасии масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар мақомоти давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» Гувоҳномаи хатм супорида шуд.

АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 20, 2024 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид