МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд

Июль 18, 2024 08:58

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гӯшти моҳӣ ба рӯйхати ғизои  парҳезӣ дохил мешавад.  Имрӯзҳо, ки фарбеҳшавӣ дар ҷаҳон масъалаи доғ аст, истеъмоли  он  барои кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд. Гӯшти моҳӣ дар таркибаш сафеда, аминокислота, йод, фтор, калтсий, марганес, синк, селен, оҳан, магний, фосфор, бром, витаминҳои A, D, F, E, С, PP ва дигар ғизоҳои фоидаовари табиӣ дорад, ки сабаби расогии ақл, пешрафти зеҳн, беҳтар шудани биноии чашм гардида, пешгирикунандаи хушкии пӯст мебошад. Ин витаминҳо ба зебо нигоҳ доштани зоҳир ва солимиву дарозумрии инсон мусоидат менамоянд.

Ба гуфтаи табибон, гӯшти моҳӣ ҳуҷайраҳои пӯсти чеҳраро ҷавон ва зебову таранг нигоҳ медорад. Он тамоми касалиҳои меъда ва фарбеҳшавиро пешгирӣ менамояд. Дар илми тиб исбот шудааст, ки моҳӣ масунияти (иммунитети) баданро боло мебардорад, хусусан тухми моҳӣ (икра) барои пешгирӣ ва ҳатто барои табобати касалиҳои қанд, гурда ва фарбеҳшавии бемеъёр айни муддао буда, боиси мустаҳкамшавии мушакҳои дил мегардад.

Соли 2014 таҳқиқоти олимон исбот намуд, ки одамоне, ки мунтазам моҳӣ мехӯранд, дар онҳо эҳтимоли гирифторӣ ба афсурдаҳолӣ камтар аст. Кислотаҳои равғании омега-3, ки дар таркиби моҳӣ мавҷуд мебошанд, дар мубориза бо афсурдаҳолӣ кумак менамоянд ва самаранокии зиддиафсурдаҳолиро ба таври назаррас афзоиш медиҳанд.

Тавре мутахассисон изҳор медоранд, кислотаҳои равғании Омега-3, ки дар таркиби моҳӣ мавҷуд ҳастанд, саломатии дил ва майнаро нигоҳ медоранд. Организми инсон тавоноии ҳосилкунии омега-3-ро надорад, барои ин ҳам мо бояд онро аз ғизо дарёф намоем. Ҳамзамон гӯшти моҳӣ нисбат ба гӯшти гов ва паранда зуд ҳазм шуда, организм онро тезтар аз худ менамояд.

Хӯрдани гӯшти моҳӣ кори мағзи сарро беҳтар ва ҳангоми пирӣ хотираи инсонро мустаҳкам менамояд.

Тибқи таҳлиле, ки дар маҷаллаи амрикоии кардиология «PUB-MED» нашр шудааст, хӯрдани моҳӣ метавонад хатари бемории ишемияи дилро коҳиш диҳад. Кислотаҳои равғании Омега-3 дар маҳсулот илтиҳобро коҳиш дода, сатҳи триглитсеридҳоро паст менамоянд ва барои ба эътидол овардани фишори хун мусоидат менамоянд.

Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи миллии тандурустӣ, моҳӣ аз витамини D бой буда, яке аз беҳтарин сарчашмаҳои парҳезии ғизо ҳисобида мешавад. Ин витамин, ки онро ғизои офтобӣ меноманд, барои азхудкунии калсий, саломатии устухонҳо ва афзоиши он муҳим мебошад. Он инчунин илтиҳобро коҳиш дода,  барои фаъолияти кори мушакҳо ва мубодилаи глюкоза зарур мебошад. Мавҷудияти витамини D боис мегардад, ки хоби инсон муназзам гардида, бехобӣ рафъ шавад.

Моҳӣ барои саломатии пӯсти инсон хеле манфиатовар аст. Таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи BioMed Central нашр гардидааст, нишон медиҳад, ки равғани моҳӣ барои тоза намудани пӯсти инсонҳо аз ҳар гуна доғ ва доначаҳо хеле таъсирбахш аст.

Бино ба таҳлили маҷаллаи амрикоии клиникии ғизои «Klinikal Nutrition», моҳӣ хатари пайдошавии баъзе намудҳои бемории саратонро кам менамояд. Олимон муайян намудаанд, ки нафароне, ки дар рӯйхати истеъмоли ғизояшон миқдори зиёди ин маҳсулот мавҷуд аст, яъне бештар гӯшти моҳиро истеъмол менамоянд, камтар ба намудҳои бемории саратон, аз қабили саратони атрофи даҳон, ҳалқ, рӯдаи ғафс ва ғадуди зери меъда гирифтор мешаванд.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сифати моҳӣ ба сифати об алоқаманд аст, ҳар қадар об тоза бошад, ҳамон андоза моҳӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза мешавад. Таъми моҳӣ ҳам ба об вобаста аст. Об ширин бошад, моҳӣ ширин, шӯр бошад, шӯр мешавад.

Ҳар сол дар дунё барои маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза озмунҳо гузаронида мешаванд. Соли 2002 дар Женева Тоҷикистон барои сифати моҳӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардид.

Коршинос иброз медоранд, ки ба ғайр аз гӯшти моҳӣ, инчунин устухони он давои беназир буда, дар таркибаш калтсий, калий ва витамини А хеле фаровон мебошад. Кӯфтаи устухони моҳӣ барои нест намудани ҳуҷайраҳои саратон ёрӣ мерасонад. Инчунин маълум гардид, ки гӯшт ва устухони моҳӣ аз ҳама муҳим ба иллатҳои вобаста ба майнаи сар, аз ҷумла саръ (эпилепсия) фоида дошта, ҳамзамон барои пешгирии касалиҳои сироятшавандаи вирусӣ ва зуком давои беҳамто мебошанд.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» талаботи ҳар сокини ҷумҳурӣ ба истеъмоли гӯшти моҳӣ дар як сол нуҳ килограмм тавсия мешавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 18, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
ҶАШНИ САДА — МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН. Он оғози омодагӣ ба Наврӯз буда, табиату инсонро аз зимистон ба баҳорон мерасонад
ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ — ҲАДАФУ МАРОМИ ЗИНДАГӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. Андешаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
ПАЁМ — РОҲНАМОИ МО. Президенти Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Шир ва маҳсулоти ширӣ муҳимтарин манбаи энергия ба шумор мераванд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ гуна дар шароити хона метавон оиларо бо пиёзи тару тоза таъмин намуд
ПОС ДОШТАНИ УРФУ ОДАТҲОИ МАРДУМӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ