Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»

Июль 18, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июли соли равон дар шаҳри Парижи Фаронса муҳимтарин чорабинии варзишии сол — Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ оғоз мегардад. Имсол 14 варзишгари ҷумҳурӣ роҳхатҳои Бозиҳои олимпии Парижро соҳиб шуданд ва дар он Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст. Онҳо барои 329 маҷмуи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд. Дар ин мавзуъ шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева суҳбат намуд.

Мавзуна Чориева гуфт, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024-ум 14 варзишгари тоҷик (11 нафар тариқи роҳхати олимпӣ ва 3 нафар аз рӯйи ҷойҳои универсалӣ), аз рӯйи 6 намуди варзиш – ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштии тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук иштирок мекунад.

Дар гӯштини ҷудо маротибаи аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори 6 роҳхати олимпӣ гардид. Дар ин риштаи варзиш Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дар намуди бокс се нафар – Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг, Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг, таэквондо як нафар – Мунира Абдусаломова дар вазни +67 кг, гӯштии тарзи озод як нафар – Виктор Рассадин дар вазни то 74 кг ҳаққи иштирок дар олимпиадаро пайдо карданд.

Инчунин ба хотири фаро гирифтани варзишгарони ҳамаи давлатҳо федератсияҳои байналмилалии варзиши сабук ва варзишҳои обӣ ҷойҳои универсалӣ таъсис доданд, ки се варзишгари тоҷик даъват гардид- дар шиноварӣ ду нафар – Екатерина Бордачева, Фахриддин Мадкамов ва дар варзиши сабук Фаворис Музрапов. Шиноварони мо дар масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар дав ба масофаи 100 метр сабқат мекунанд.

Бояд гуфт, ки аз байни 14 варзишгар 10 нафар нахустин маротиба иштирокчии ин бозиҳои олимпӣ мегардад. Комроншоҳ Устопириён сеюм маротиба, Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Баҳодур Усмонов дуюм маротиба дар олимпиада иштирок менамоянд.

Мавзуна Чориева бо боварии комил изҳор дошт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ Париж-2024 ба дастовардҳои беназир ноил мегарданд.

Номбурда ба ду риштаи варзиш — гӯштини ҷудо ва бокс таваҷҷуҳ карда гуфт, ки аз байни ин варзишгарон ба пирӯзии Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз риштаи гӯштини ҷудо, инчунин аз бокс ба Миҷгона Самадова, Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев умеди бештар дорад

Бояд гуфт, ки чанд рӯз пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Париж иштирок менамоянд, мулоқот намуданд. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки варзишгарон дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ натанҳо бо касбият ва қобилияти фавқулода, балки бо хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифи Ватан ва фарҳанги миллӣ мебошанд. Иброз гардид, ки дастгирии ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст, аз ҷумла варзишгарон ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри инкишоф ва сайқали маҳорати онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад.

Изҳори итминон шуд, ки дар оянда варзишгарони тоҷик аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, шумораи роҳхатҳоро ба чунин мусобиқаҳои бонуфуз бештар менамоянд.

Таъкид шуд, ки варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1 ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз гардонида мешаванд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар баробари ин, ба медалдорони Бозиҳои олимпӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад. Барои медали тилло – 300 000 сомонӣ, медали нуқра – 250 000 ва медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ. Ҳамчунин тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 ба ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдолимпӣ то охири умр ҳар моҳ маош дода мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ аз соли 1996 иштирок мекунанд ва чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тиллои олимпӣ ба гурзандоз Дилшод Назаров мутааллиқ аст. Дилшод соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ба унвони чемпионӣ даст ёфт.

Юсуф Абдусаломов соли 2008 дар Пекин дар риштаи гӯштини тарзи озод, дар вазни то 84 кило сазовори медали нуқра гаштааст. Медалҳои биринҷиро дар Олимпиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев дар намуди гӯштини ҷудо, дар вазни то 73 кило ва Мавзуна Чориева дар Олимпиадаи Лондон-2012 дар риштаи бокс, дар вазни то 60 кило мушарраф шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса аз 26 июл то 11 августи соли 2024 баргузор мегардад.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон бар ҳамсолонаш аз Арабистони Саудӣ ғолиб омад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд
Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ҷаласаи якуми ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир гардид
Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
«ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Хуҷанд мусобиқаи дуюми байналмилалии гӯштингирӣ доир шуд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби панҷ медал гардиданд
ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. «Истиқлол» бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ғолиб омад