Мовсес Абелян: «Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мегардад»

Июль 29, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 29.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мегардад»,- иброз намуд муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи ӯ, дар мулоқот масоили марбут ба конфронсҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории конфронси сатҳи баланд дар соли 2028, ки бузургтарин конфронси фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд, баррасӣ шуд.

«Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола  моҳи сентябр бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню Йорк баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад», — гуфт муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо.

Мовсес Абелян таъкид намуд, ки дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин доир ба масъалаҳои ташкили конфронс бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон гуфтугӯҳои муфассал доир мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар чорчӯби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028» баррасӣ мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд