Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Қалъаи Ҳисор бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардид

Июль 31, 2024 19:30

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли Созмони  Милали Муттаҳид  /СММ/ оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян дар доираи сафари корӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шаҳри Ҳисор ба  Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ  медиҳад.

Муовини Дабири кулли Созмони  Милали Муттаҳид  оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян Арк, Аскархона, Қасри Ҳоким, Амфитеатр, растаҳои ҳунармандӣ ва осорхонаи таърихию фарҳангии мамнуъгоҳро тамошо карда, бо таъриху фарҳанги гузаштаи шаҳри бостонии Ҳисор шинос гардид ва ба он баҳои баланд дод.

 АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июль 31, 2024 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид