НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавиро баррасӣ ва мувофиқа намуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» 246 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ- забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавиро барои мутобиқат намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода, онро мувофиқа намуд. Дар ин хусус раиси ин Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумита, ба соҳибкорон пеш аз бақайдгирии расмии фаъолияти тиҷоратӣ, яъне номгузории марказу мағозаҳои савдо хулосаи забоншиносӣ пешниҳод мегардад, ки мақсади он аз байн бурдани ғалатнависӣ дар номи мағозаву дӯконҳои ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.
«Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 22 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба 22 нафар моҳиятан баррасӣ карда шуда, ба шахсони ҳуқуқвайронкунанда ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 22 ҳазору 968 сомонӣ таъйин гардид, ки аз ин маблағ 9936 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд», -афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 бо мақсади санҷиши вазъи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» ва «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» фаъолияти 8 мақомоту муассисаи давлатӣ мавриди назорату санҷиш қарор дода шуд.
«Илова бар ин намояндаи Кумита дар ҳайати гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»-ро дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» мавриди санҷиш ва назорат қарор дод», -иброз дошт Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






