ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Меҳан сарзамини аҷдодӣ, мазраи нангу ор аст

Июль 4, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ватан сарзамини аҷдодӣ ва маъвои меҳр аст. Ватандӯстӣ ин муносибати шахс бо давлат аст. Тарбияи ватандӯстӣ ин раванд аст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз 24 декабри соли 2022 қабул шудааст, мафҳуми ватандӯстӣ  — муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва содиқона хизмат кардан маънидод гардидааст.Чунин омадааст  дар мақолаи   раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор  Изатуллои ҲАБИБЗОД, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст. Номбурда дар идомаи мақола чунин изҳори назар кардааст:

— Ватандӯстӣ чанд шоха ё рукн дорад. Ҳар шахс дар ҳар куҷое, ки кор мекунад бо фаъолияти ибратбахшаш ба нафъи Ватан ва амали созандааш метавонад, саҳмгузор дар рушди Меҳан бошад.

Ба ибораи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».Дар ин пайваст овардани чанд мисраи  шеър ба маврид  аст:

Ватанам як лаҳза аз ёди ту фориғ нашавам,
Фориғи дар роҳи ту меҳри туро бохтан аст.
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
 Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Шахси ватандӯст нафареро мегӯянд, ки ба Ватан – Тоҷикистон садоқат дорад, дар ҳама ҳолат барои ҳифзи марзу бумаш омода аст, рияои меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро ба одати доимии худ табдил додааст, муҳимтар аз ҳама ба Ватан ва миллат хиёнатро раво намебинад.

Илова бар ин, шахси ватандӯст бо амали неку созандааш баҳри муаррифии Ватан дар арсаи байналмилалӣ талош меварзад, дар ободонии диёр саҳми намоёни хешро мегузорад.

Ё метавон гуфт, ки ҳар волидайне, ки фарзанди хушахлоқ, дорои илму дониши муосирро тарбия менамояд, ин саҳми ҳамон оила дар  пешрафти Ватан мебошад, ки чунин фарзандон бе ягон муболиға дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба камол мерасанд ва дар оянда барои рушду тараққиёти Тоҷикистон хизматҳои шоиста менамоянд.

Дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи пурпечутоб, пешгӯйинашаванда, зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ягона фишанги ҳаракатдиҳандаи рӯзгор ва пешгирии ҳама гуна хатару таҳдид ба Истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ин ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат маҳсуб меёбад.

Вазъияти ба амал омадаи минтақа ва ҷаҳон бори дигар мо шаҳрвандони мамлакатро ҳушдор месозад, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси масъулият дар назди наслҳои имрӯз ва фардои Ватан рисолати волою муқаддаси худро, ки муттаҳиддию сарҷамъӣ, созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба мероси бойи фарҳангию илмӣ мебошад, садоқатмандона иҷро намоем.

Таҳлилҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба дастомада нишон ва гувоҳи дода истодаанд, ки баъзе аз ҷавонони мо шартан метавон гуфт, ки ду  мушкилоти асосӣ доранд, якеашро метавон ҳавову ҳавас номид дуюмашро метавон кутоҳандешӣ номид. Якум мехоҳанд зуд соҳиби сарват шаванд, дуюм зудбовар ҳастанд. Ҳамин ҳаваси зудсарватманд шудани баъзе ҷавонон онҳоро зудбовар кардааст ва зудбовариашон онҳоро ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ мебарад.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо шарофати сиёсати оқилона, дурандешона, инсондӯстона ва созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории навини миллиамон ба камол расидани насли наврасу ҷавон тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ҷумла, қабули барномаву консепсияҳо, қонуҳои соҳавӣ, роҳандозии имтиёзҳо, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ғайра.

Илова бар ин, бунёди иншоотҳои фарҳангӣ дар маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гиромидошти ҷашнвораи мутафаккирони миллат, таҷлили солгарди шаҳруҳои қадима ва дигар иқдомот баҳри ватандӯстии шаҳвардон заминаҳои устувор гузошта истодаанд.

Барои насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан се ниҳод – оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар ҳамдастӣ мисли занҷира ҳамкории зич бояд дошта бошанд. Ҳамзамон бузургтарин мактаби тарбияи ватандӯстӣ барои насли ҷавони даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Роҳи дигари муассири баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ин решакан намудани хурофот, зиёдаравӣ ва таассуб дар ҷомеа мебошад. Зеро хурофотпарастӣ боиси қафомондагии ҷомеа гардида, оҳиста оҳиста ба фалаҷ гардидани рукнҳои давлати миллӣ оварда мерасонад.

Бо дарки баланд, эҳсоси ватандӯстӣ иброз бояд дошт, ки ибораи арзишманд, мондагор, ҷовидона ва таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ифтитоҳи чархаи якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» садо дод, Тоҷикистонро мунаввар, шаҳрвандонро дар дохил муттаҳид ва ҳамватанони бурунмарзиамонро зери як ғояи муқаддас ҷамъ овард, ки ин шиори ҳамешагии тоҷикон гардид: «Тоҷикистон ба пеш! Ба сӯйи қуллаҳои баланди пешрафту тараққиёт!»

Роҳандозии чорабиниҳои таблиғотии ҳадафманд, суроғавӣ бо усулҳои муосири таблиғот деҳа ба деҳа, кӯча ба кӯча, хона ба хона, ҳамсол ба ҳамсол ва рӯ ба рӯ натиҷаҳои мусбатро дар самти ватандӯстии шаҳрвандон замина хоҳад гузошт.

Дар маҷмӯъ барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳо дар ҳамаи самтҳо роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, дар самти таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодона, таҳсил, фароғат, дастрасӣ ба ҳамагунна маълумоти саҳеҳи иттилоотӣ ва ғайра.

Бешак далериву ғаюрии қаҳрамонони халқи тоҷик ба хусус, таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби давлатдориашон намунаи олии ватандӯстӣ барои насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад.

Иқдоми наҷибу таърихии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақдими Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат барои бедор намудани ҳофизаи таърихии миллат ва сабақ гирифтан аз ҳодисаҳои таърихӣ мусоидати фаъол намуда истодааст.

Бо итминон метавон гуфт, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ барои баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ, ба одати доимии сокинон табдил ёфтани қонунҳои амалкунанда ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.

Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир тақвияти фаъолияти  идеологӣ муҳим буда, дар ин самт нафарони таҷрибадор ва донишманду сухандон ба истиқболи мардум раванд, мушкилоти онҳоро гӯш диҳанд ва барои рафъи онҳо дар якҷоягӣ бо масъулони ҳамаи соҳаҳо мусоидат намоянд.

Табиист, ки дар мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатар моро зарур аст, ки мафкурасозии миллиро тақвият бахшем дар зеҳну шуури насли наврасу ҷавони мамлакат руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории миллиро бедор намоем.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротию раддикалӣ ба хотири расидан ба мақсади худ ягона аз эътиқоди динии мардум истифода мебаранд. Роҳи мубориза ба ин гуна гурӯҳ ва ё афрод ин таҳаммулпазирии сокинон буда метавонад.

Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ҷумҳурии орому соишта ва аз лиҳози пешрафт дар қатори мамлакатҳои рӯ ба инкишоф қарор гирифт.

Барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванд худро бояд масъул ва муҳофизи ин дастовардҳо шуморида, дар таҳкиму густариши пояҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад.

Фаромӯш набояд кард, ки эътибор, сари баланд ва рӯи сурхи миллати тоҷик маҳз Тоҷикистон аст!

Июль 4, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст