Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»

Октябрь 20, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Рӯзи ҷаҳонии омор муқаррар гардидааст. Ин сана ба нишон додани нақши калидии маълумоти омории расмӣ ва боэътимод дар рушди ҷомеа, иқтисодиёт ва қабули қарорҳои муҳими давлатӣ равона гардидааст. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи омор ба шумор меравад.

Тавре директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз намуд, «дар шароити тағйирёбии иқлим афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди иқтисоди «сабз» ва коҳиш додани хавфҳои офатҳои табиӣ, такмили низоми ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумоти оморӣ аҳаммияти махсус дорад».

«Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳо ва иштирокчии созишномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ, инчунин бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, мониторинги нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини иттилоот барои таҳияи ҳисоботи миллӣ ба маълумоти дақиқ, мукаммал ва бо усулҳои ягона ҷамъоваришаванда ниёз дорад. Дар ин замина мутобиқ намудани ҳисоботи давлатии оморӣ ба талаботи байналмилалӣ ва эҳтиёҷоти мақомоти дахлдор зарур мебошад. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои мазкур шакли нави ҳисоботи оморӣ, аз ҷумла шакли ҳисоботи омории байниидоравии тағйирёбии иқлим ва шакли ҳисоботи омории байниидоравии гидрофторкарбонҳо таҳия ва дар амал татбиқ мегардад»,-иброз намуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар баробари ҳама бахшҳои давлатдорӣ фаъолият барои ҷамъоварии омори дақиқу саҳеҳ ба тарзи бесобиқа густариш ёфта, аз ҷониби давлату Ҳукумат ба ин ниҳоди давлатӣ, яъне мақомоти омори ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зеро дар роҳи рушду тавсеа ҷомеа ба тақозои нав рӯ ба рӯ гашта, нисбат ба омори давлатӣ талаботи бештар, махсусан аз ҷиҳати таркиб ва сифати маълумоти омори расмӣ ба миён омадааст.

Агентӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, таҳқиқоти хонавода барои омори демографӣ, спектри васеи маълумоти омори иқтисодӣ, аз ҷумла таҳқиқоти корхонаҳо ва муассисаҳо, инчунин нархҳо, савдои хориҷӣ, ҳисобҳои миллӣ, молияи давлатӣ, омори аграрӣ, иҷтимоӣ ва омори меҳнат масъул мебошад. Агентӣ маълумотро оид ба омори иҷтимоӣ (тандурустӣ ва маориф) аз вазоратҳои дахлдор мегирад. Оид ба омори монетарӣ маълумотро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пешниҳод менамояд.

Агентии омор ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010, ки мустақилияти Агентии оморро муқаррар менамояд ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотро, ки ба воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ пешниҳод мешаванд, кафолат медиҳад.

Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо ва умуман ҳама субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояд ба мақомоти омор ҳисоботи заруриро сари вақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд, зеро баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Маълумоти зарурӣ оид ба нишондиҳандаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ба таври низомнок ҷамъоварӣ гардида, барои арзёбии вазъи мавҷуда, мониторинги равандҳои иқлимӣ, таҳияи ҳисоботи миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд. Ҷамъоварии маълумот оид ба гидрофторкарбонҳо, аз ҷумла нишондиҳандаҳои дахлдори истифода, воридот, содирот ва дигар амалиёти марбут ба ин моддаҳо дар доираи салоҳияти мақомоти масъул пешбинӣ мегардад.

Маълумоти мазкур барои мониторинги иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии мамлакат дар самти ҳифзи қабати озони Замин ва коҳиш додани таъсири моддаҳои дорои иқтидори баланди гармшавии глобалӣ, аз ҷумла дар доираи Протоколи Монреал ва Тағйироти Кигалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва афзоиши талабот ба маълумоти саҳеҳ баланд бардоштани сифати омори расмӣ, таъмини саривақтии пешниҳоди маълумот, такмили методология ва мутобиқсозии нишондиҳандаҳои миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти омор боқӣ мемонанд.
Омори боэътимод на танҳо оинаи вазъи воқеии мамлакат, балки заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст