Пагоҳ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи номи Ш.Шоҳтемур ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 10:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 13:00 барпо мегардад.
Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии хоҷагии ҷангал соати 16:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар биноҳои мақомоти мазкур баргузор мешаванд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 08:00 ва дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соати 09:00 доир мешаванд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






