Сокинони деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Шаҳринав бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

Июль 10, 2024 09:54

ШАҲРИНАВ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бо оби ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинон корҳои сохтмонӣ, кандани замин барои хобондани қубурҳои обгузар оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Тавассути техника ва ҳашари сокинони деҳа масофаи зиёда аз 2,5 километр барои хобондани лӯлаҳои обгузар омода гардида, чоҳи амудӣ бо чуқурии 100 метр тайёр шудааст.

Бояд гуфт, ки сокинони деҳаи Қаҳрамон аз нарасидани оби нӯшокӣ мушкилӣ доштанд. Баъди амалӣ гардидани ин иқдом, зиёда аз 200 ҳоҷагӣ ва ё наздики 1300 нафар аҳолии деҳаи Қаҳрамон бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Июль 10, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард