Соли равон 2 ҳазору 233 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд

Июль 10, 2024 16:56

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар самти иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2 ҳазору 233 нафар, аз ҷумла 723 нафар занону духтарон машғулиятҳои   кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуда, зиёда аз 400 нафари дигар айни замон ба  омӯзиш машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ин теъдод 58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ ва 4 филиал фаъолият менамояд, ки дар онҳо дар самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ аз рӯи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.

Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад.  Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 бори дигар ба ин нукта ишора карда, иброз намуданд, ки «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати таъсиси машғулиятҳои таълимии касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем».

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки «ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90 ҳазору 96 хонанда ва донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6 ҳазору 85 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.

Инчунин дар мамлакат 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, айни замон дар онҳо 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд».

Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62 фоиз китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1 фоиз китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд. Дар асоси нақша,  давра ба давра таҳия ва нашр намудани китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ ба роҳ монда шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2024 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад