Соли равон 2 ҳазору 233 нафар машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар самти иҷрои «Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 2 ҳазору 233 нафар, аз ҷумла 723 нафар занону духтарон машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуда, зиёда аз 400 нафари дигар айни замон ба омӯзиш машғул мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷумҳурӣ 87 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ин теъдод 58 муассисаи давлатӣ ва 29 муассисаи ғайридавлатӣ ва 4 филиал фаъолият менамояд, ки дар онҳо дар самтҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, иқтисодӣ, технологӣ, техникӣ, муҳандисӣ-омӯзгорӣ, ҳуқуқ ва таъмини бехатарӣ аз рӯи 209 ихтисос мутахассисон омода карда мешавад.
Тавре Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ маҳсуб дониста, мунтазам барои рушду нумуи он тадбирҳо меандешад. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 бори дигар ба ин нукта ишора карда, иброз намуданд, ки «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имконият барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯйӣ намуда, ҷиҳати таъсиси машғулиятҳои таълимии касбу ҳунар ва забономӯзии шаҳрвандон тадбирҳои иловагӣ андешем».
Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки «ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 90 ҳазору 96 хонанда ва донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 6 ҳазору 85 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.
Инчунин дар мамлакат 65 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият менамояд, айни замон дар онҳо 16 ҳазору 525 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд».
Ҳоло хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 62 фоиз китоби дарсии фанҳои умумитаълимӣ ва 35,1 фоиз китоби дарсии фанҳои тахассусӣ таъмин мебошанд. Дар асоси нақша, давра ба давра таҳия ва нашр намудани китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ ба роҳ монда шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






