ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июл, душанбе, 183-юмин рӯзи соли 2024 аст
1 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
13 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2010 хати барқи «Варзоб-Айнӣ», ки водии Зарафшонро бо барқи нисбатан арзон таъмин менамуд, ба истифода дода шуд.
***
1 июли соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 3-юми Шурои ҳамоҳангсозии Минтақаҳои озоди иқтисодӣ баргузор гардид.
***
1 июли соли 2014 имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз ёфт ва аввалин маротиба дар Тоҷикистон довталабон тавассути низоми тестӣ барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ талош варзиданд. Дар ин рӯз дар 33 маркази имтиҳонӣ барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1 имтиҳони қисм (компонент)-и А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон 9 ҳазору 526 довталаб иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»-и Италия (Salini Impregilо) баргузор гардид.
***
1 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД) доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
1 июли соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
***
1 июли соли 2023 Бонки Авросиёии рушд дар давраи солҳои 2023-2026 барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 650 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд. Ин тавофуқ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Раиси Бонки Авросиёии рушд Николай Подгузов ба даст омад.
1 ИЮЛ:
Дар Руанда – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Гана – Рӯзи ҷумҳурӣ.
***
Дар Чин – Рӯзи Ҳизби Коммунистӣ.
***
Дар Арманистон – Рӯзи кормандони прокуратура.