ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июл, сешанбе, 184-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1924 Ассотсиатсияи байналмилалии рӯзноманигорони варзишӣ таъсис дода шуд.
***
2 июли соли 1990 Анҷумани XXVIII Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардид, ки охирин анҷуман дар таърихи фаъолияти ин ҳизб мебошад.
***
15 сол қабл, 2 июли соли 2009 барои саҳми барҷаста дар тарбияи насли солим ва рушди самбо дар минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали тиллои Федератсияи байналмилалии самбо сарфароз гардонида шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS, ш.Брюссел), ки муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо мебошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии ин Марказ сарфароз гардонида шуданд.
***
2 июли соли 2018 дар толори Галереяи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии «Душанбе мол» ва толори Истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ маҳсули дасти хешро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб бо шумули менеҷери ширкати «Бин Муса трейвл» Рашид Аки, роҳбар ва менеҷери ширкати «Ейшн голф трейвл» Ушас Сомасундар ва Амира Ашраф иштирок доштанд.
***
2 июли соли 2020 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Заркор»-и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
***
Соли 2020 дар кӯчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд гузаргоҳи зеризаминии мавзеи бозори марказии «Панҷшанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
***
2 июли соли 2021 Муассисаи нашриявии «Адиб» дар майдони «70- солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон намоиш- фурӯши китоб доир намуд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ зиёда аз 5 ҳазор нусха китоб иборат аз 140 номгӯйи асарҳо аз адабиёти классику муосири тоҷик ва ҷаҳон, инчунин адабиёти бачагонаро пешкаши алоқамандони мутолиа гардонида шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобила ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
2 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи варзиш.
***
Дар Норвегия – Рӯзи шоҳ.
***
Дар Кюрасао — Рӯзи Парчам.
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони политсия.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Хайрӣ Назарова («Ҷулеттаи тоҷик») — соли 1929 — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.