Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд

Июль 23, 2024 10:14

ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили ҷамъбасти даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 нафар зиёд аст. Дар ин хусус 22 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки имсол низ тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, даврҳои якум ва дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид. Ҳамагӣ дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун, ки аз 10 то 25 июн соли 2024 доир гардид, аз 2755 нафар довталаб 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Даври сеюми озмун нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.

Бояд гуфт, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Акс: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2024 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд