12 духтар аз шаҳри Кӯлоб тариқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд

Август 4, 2024 16:06

ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ дода шуд, ки ба тариқи квотаи президентӣ 23 хатмкунанда, аз ҷумла 12 духтар ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Дар давраи олимпиадаҳои фаннӣ мактаббачагони шаҳри Кӯлоб соҳиби 83 ҷойи намоён гардида, дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ гардиданд.

Зимни нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар шаҳру деҳаҳои Кӯлоб муассисаҳои таълимии нав бунёд мешаванд. Аз ҷумла,  сохтмони муассисаи таълимии нав дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор барои 240 ҷойи нишаст ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии 13, 17, 18, 49 ва 50    идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Август 4, 2024 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд