«Амонатбонк» барои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ 1081 постерминалро фаъол намуд

Август 3, 2024 13:48

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, инфрасохтори заруриро дар нозироти андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фароҳам овардааст.

Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 2 август дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали имсол иброз намуд, ки «Амонатбонк» ба ҳолати имрӯза барои ба роҳ мондани пардохти ҳамаи андозҳо, боҷҳои давлатӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ дар маҷмуъ 1081 постерминалҳоро дар тамоми филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нозироти андоз фаъол намудааст.

Инчунин дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ 3 ҳазору 870 постерминал насб карда шудааст. Барои хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон беш аз 580 ҳазор кортҳои беноми «Фарогир» интишор гардида, ба филиалҳо дастрас шуданд.

Ҳамзамон барномаи мобилии бонк «Амонат-мобайл» қабули пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳамгироиро бо иқтидори иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ таъмин менамояд. Шумораи умумии истифодабарандагони ин барнома зиёда аз 990 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Алиҷон Салимзода афзуд, ки дар замимабарномаи мобилии бонк «Амонат-мобайл» мутобиқати технологии хизматрасонии Кумитаи андоз, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ, молия, маориф, Хадамоти гумрук ва дигар мақомоти давлатӣ анҷом дода шудаанд.

Илова бар ин барои анҷом додани хизматрасонии ғайринақдӣ дар саҳифаи расмии «Амонатбонк» равзана кушода шудааст. Дар бахши хусусӣ 1 ҳазору 196 ва дар муассисаҳои давлатӣ 1 ҳазору 560 QR-рамзи ягонаи Бонки миллии Тоҷикистон насб гардидааст, ки дар маҷмуъ 2 ҳазору 756 ададро ташкил менамоянд.

Бояд гуфт, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Инчунин гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад.

Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд
Корҳо ҷиҳати бунёду барқарорсозии роҳи мошингарди Лабиҷар – Сангвор – Қалъаихумб тақвият бахшида мешаванд
Дар Женева Шарҳи чоруми фаъолияти экологии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи глобалии Шабакаи бонкдорӣ ва маблағгузории устувор дар Бразилия иштирок намуд
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар Туркия нахустин маротиба маҳсулоташонро ба намоиш гузоштанд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи молия густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Покистон барои таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ изҳори омодагӣ намуданд
Ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳаҷми гардиши савдо дар ноҳияи Рашт ба 73 миллиону 248 ҳазор сомонӣ баробар шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6627 то 10.6800 сомонӣ муқаррар шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад