Ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе аз Булғористон, Австралия ва Италия бозингарони нав шомил гаштанд

Август 5, 2024 18:19

ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе хати ҳимояро бо бозингари австралиягӣ Мэтю Миллар мустаҳкам намуд. Мэтю Миллар, ки аввалин бозингар аз Австралия дар ҳайати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, 27-сола буда, тарбиятгирифтаи клуби футболи «Мелбурн Сити» мебошад. Дар майдон ҳамчун ҳимоятгари канори рост ҳунарнамоӣ менамояд. Ӯ дар дастаҳои футболи «Нюкасл», «Мелбурн Сити» ва «Сентрал Кост»-и Австралия ва «Сент Миррен»-и Шотландия ҳунарнамоӣ намудааст. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо футболбоз то охири мавсими имсола ба имзо расид. Ӯ шоми дирӯз ба даста муаррифӣ гардида, аввалин тамринро доир намуд.

Мэтю Миллар дар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таҳти рақами 44 вориди майдон мегардад.

Ҳамчунин ҳайати чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳамлагар аз Италия Франческо Марҷиотта пурра гардид. Ин футболбоз шоми дирӯз ба даста ҳамроҳ гашта, якумин тамринро дар ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом дод.

Хотиррасон мешавем, ки Франческо Марҷиотта тарбиятгирифтаи Академияи клуби футболи «Ювентус» буда, 15 июли соли 1993 дар шаҳри Турини Италия ба дунё омадааст. Фаъолияти касбии бозингариро дар дастаи «Каррарезе» оғоз намуда, баъдан дар дастаҳои «Монтса» ва «Кево» бозӣ кардааст. Ҳамчунин ӯ дар чемпионати Швейтсария- дар ҳайати дастаҳои «Лозанна» ва «Лютсерн» ҳунарнамоӣ намудааст. Охирин клубе, ки Марҷиотта дар он фаъолият дошт, ин дастаи «Ботошани» аз Руминия мебошад.

То ин дам бозингар дар 327 бозӣ вориди майдон гардида, дар ҳисоби худ 73 гол ва 51 партофти головар дорад. Муҳлати шартномаи ҳамлагар бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе як солро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки Франческо Марҷиотта дар дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе зери шумораи 9 бозӣ менамояд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ҳамчунин бо ҳамлагар аз Булғористон созишнома ба имзо расонид. Бо имзои созишномаи яксола дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба ҳайати худ ҳамлагар аз Булғористон Димитар Митковро ҳамроҳ намуд.

Димитар Митков, собиқ футболбози дастаҳои «Локомотив»-и София, «Лудогоретс», КМВА 1948 ва «Рубин»-и Қазон 27 январи соли 2000 таваллуд шудааст. Футболбози нави «Истиқлол» ба ҳамдастагон муаррифӣ гардида, тамрини якумро гузаронд. Қади Димитар Митков 191 см аст, дар фаъолияти касбӣ то ҳоло дар 161 бозӣ иштирок намуда, 46 гол задааст. Ӯ бо пироҳани дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе зери шумораи 45 ба майдон мебарояд.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 5, 2024 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд