Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки «пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ баҳри расонидани ёрӣ ба аҳолӣ зимни сар задани ҳолатҳои фавқулода Ҳукумати мамлакат 17 августи соли 1994 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро таъсис дод. Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ҷумлаи муҳофизоне мебошанд, ки бо заҳмату хизмати содиқона дар таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти мамлакат саҳми сазовор мегузоранд».
Ба таъкиди иштирокчиёни ҳамоиш кормандони ин соҳа пайваста омодаанд дар ҳар мушкилот ва ҳолатҳои нохушиву офат дар паҳлӯи мардум бошанд. Дар ҷумҳурии мо, чун дар дигар гӯшаҳои олам, мутаассифона, ҳолатҳои фавқулода зиёд рух медиҳанд. Шиори наҷотдиҳандагон ин аст: «Зинда мону наҷот деҳ!». Кормандони ин ниҳод ҷони худро дар хатар монда, бо истифода аз маҳорату малака қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд ва ҳаёти одамонро наҷот медиҳанд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби раиси ноҳия ба як зумра пешқадамон ва собиқадорони соҳа барои хизмати шоиста ба халқу Ватан «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 17 август дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ муқаррар шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






