Дар Исломобод таҳти унвони «Tajikistan-Pakistan Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор шуд

Август 16, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 август дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод таҳти унвони «TajikistanPakistan Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода, роҳбарияти Корпоратсияи Покистон оид ба рушди сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, 150 намояндаи соҳаи сайёҳии Покистон, роҳбарияти 70 ширкату  танзимгарони сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, радио ва телевизион, инчунин кормандони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Ба иштирокдорон иқтидор ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокдорон армуғонҳо, брошюраҳо ва феҳрастҳо доир ба маконҳои сайёҳии Тоҷикистон тақдим гардид.

Илова бар ин 10 ёддошти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Покистон ба имзо расонида шуда, ҳамзамон онҳо ба Форуми сайёҳии Тоҷикистон, ки охири моҳи сентябри соли 2024 баргузор мешавад, даъват гардиданд.


Ба иттилои Директори генералии ҶДММ «Сомон Трэвел» Умедҷон Саидзода, иштирокдорон имкон доштанд дар бораи иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, имконияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва шароити дархост намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар хатсайри Душанбе-Исломобод маълумоти зарурӣ дастрас намоянд ва ҳамзамон аз видеоҳои нави таъсирбахш дар бораи мамлакати мо баҳра баранд.

«Ояндаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дурахшон аст ва мо аз муваффақияти давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ифтихор дорем», — таъкид намуд ӯ.

Иброз гардид, ки аз 8 то 15 август намояндагони якчанд ширкати сайёҳӣ аз Тоҷикистон дар Покистон қарор доштанд ва бо намояндагони сохторҳои соҳаи сайёҳии давлатӣ ва хусусии Покистон вохӯриҳо анҷом доданд.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои рушди сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили саёҳатҳои маълумотии мутақобила (инфотур) барои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма, мубодилаи таҷриба, инчунин ташкили машғулият доир ба пешниҳоди хизматрасонии сайёҳӣ муҳокима гардиданд.

 АКС: Умедҷон Саидзода

Август 16, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд