Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон гимназия таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 01.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода гимназия ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус Ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар назди гимназия Маркази инкишофи кӯдак низ таъсис дода шудааст. Дар айни замон қабули хонандагон ба гимназия аз синфи 1 то 11 оғоз шудааст. Теъдоди муайяншудаи хонандагон дар гимназия 350 нафар ва дар Маркази инкишофи кӯдак 60 нафар мебошад», -гуфт Жило Гулназарзода.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи натиҷаи қарори комиссияи аттестатсионии хатм, дар соли таҳсили 2023-2024 донишгоҳро 958 нафар, аз ҷумла 566 нафар шуъбаи рӯзона, 362 нафар шуъбаи фосилавӣ, 30 нафар зинаи магистратура ва 6 нафар зинаи докторантура (РhD)-ро хатм намуданд, ки нисбат ба соли 2023 129 нафар зиёд аст.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ давраи сеюми бақайдгирии довталабонро тамдид намуд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Тоҷикистон натиҷаҳои аввалини PISA 2025-ро муаррифӣ мекунад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






