Дар ноҳияи Рӯдакӣ 30 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 161 синфхона идома дорад
РӮДАКӢ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст дар шаш моҳи имсол дар назди муассисаҳои таълмии №18, №19, №77, №111 ва №138- и ноҳияи Рӯдакӣ панҷ бинои иловагӣ бо 30 синфхона ва 1322 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд. Ҳамчунин сохтмони биноҳои иловагӣ ва синфхонаҳо дар назди 18 муассисаи таълимии ноҳия идома дорад. Биноҳои иловагӣ дорои 161 синфхона ва 4025 ҷойи нишаст мебошанд, ки баъди ба истифода додани онҳо мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф мегардад. Чунин баён намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истеҳсол ва дӯхти либосҳои мактабӣ, ки ҳар шаҳру ноҳия бояд либосҳои мактабиро аз ҳисоби корхонаҳои саноатии худӣ таъмин намоянд, дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ соли 2023 аввалин бор Муассисаи давлатии дӯзандагии “Чевар” ташкил гардид. Тибқи дурнамои соли 2024, корхона бояд 45 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол намояд. То имрӯз мутахассисони корхона 15 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол намуда, бо нархҳои дастрас ба волидайни хонандагон пешниҳод намудаанд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Рӯдакӣ 184 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 284 миллиону 827 ҳазор сомонӣ таъмин намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 37 миллиону 575 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ 55 иншоот дар соҳаи маориф, 7 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 15 корхонаи саноатӣ, 111 маркази савдою хизматрасонӣ, 56 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 19 иншооти соҳаи варзиш сохта мешаванд.
Ба ҳолати якуми июли имсол 140 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда сохтмон ва лоиҳакашӣ идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКОБОД. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 27 маротиба афзоиш ёфт
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар Ҳисор маркази забономӯзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва нуқтаҳои тиббию дандонпизишкӣ ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Федератсияи Русия барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон беш аз 200 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад






