Дар ноҳияи Рашт мумфаршкунии зиёда аз 3 километр роҳи дохилии деҳаи Поҷеи поён оғоз гардид
РАШТ, 18.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва соҳибкори ватандӯст Муҳибҷон Бобоҷонов мумфаршкунии зиёда аз 3 километр роҳҳои дохилии деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода оғоз гардид. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Ҳамчунин барои кӯдакону наврасони деҳаи Поҷеи поён муассисаи таълимии миёнаи умумии замонавӣ сохта шудааст, ки ба наздикӣ ба истифода дода мешавад. Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо беҳтарин мизу курсӣ, синфхонаҳои фаннӣ ва лавозимоти зарурӣ муҷаҳаз гардонида мешавад.
Барои ҷавонон беҳтарин толори варзишӣ низ бунёд шуда, ҳар хоҷагӣ бо хати оби нӯшокӣ таъмин гардидааст.
Ҳамзамон дар деҳа муассисаи нави таълимӣ бунёд шуда, дар мумфаршкунии роҳҳои деҳа саҳми арзанда гузошта мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Раш








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






