Дар Ҷопон бар асари ҳарорати баланди моҳи август 53 нафар аз гармои шадид шикоят кардаанд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 август дар беморхонаҳои шаҳрии Токио 53 нафар бо аломатҳои гармои шадид (офтобзадагӣ) бистарӣ карда шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хабаргузории «Синхуа» бо истинод ба хадамоти сӯхторнишонии маҳаллӣ хабар додааст.
Ба маълумоти ин идора, синни зарардидагон аз 13 то 93-сола буда, вазъи яке аз онҳо, ки 80 сол дорад, вазнин аст.
Хадамоти изтирории мамлакат аз мардум даъват мекунад, ки дар ҳавои гарм тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
АКС: Unsplash








24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






