Дар шаҳри Бохтар аз хизматҳои шоёну ибратбахши собиқадорони соҳаи варзиш ёдоварӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон (10 август) ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон силсилавохӯриҳо идома доранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар ба дидани собиқадорони соҳаи варзиш рафта, ба онҳо кумак расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз хизматҳои шоёну ибратбахши собиқадорони соҳаи варзиш ёдоварӣ ва ба онҳо арзи сипос намуданд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа махсусан таъкид шуд.
Иброз гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд карда мешаванд. Ин иқдом ба пешрафти соҳа мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 август Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон муқаррар шудааст.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






