Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома дорад
ДУШАНБЕ, 08.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо 35 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордод ба имзо расонидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи филиали донишгоҳ Рустам Ғаниев ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Тибқи амалишавии ин созишномаҳо дар филиал мунтазам барномаҳои мубодилаи кормандону омӯзгорон, иштирок дар мактабҳои тобистона ва таҳқиқоти илмӣ–амалии муштарак гузаронида мешаванд. Инчунин дар шашмоҳаи аввали соли 2024 филиал бо Институти таҳқиқоти демографии Маркази федералии илмӣ–таҳқиқотии сотсиологии Академияи илмҳои Русия ва шуъбаи Навойигии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон 2 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид», -гуфт Рустам Ғаниев.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиал рушди содироти хизматрасонии таълимӣ мебошад, ки дар доираи он зиёдкунии пайдарҳами шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар филиал 25 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил дорад, ки 6 фоизи теъдоди умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳанд.
Донишҷӯёне, ки аз хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, 19 нафарашон аз Федератсияи Русия, 2 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки рушди табодули байналмилалӣ ба пешрафти филиал дар фазои илмии таҳсилотии байналмилалӣ мусоидат мекунад.
«Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Узбекистон, Чин, Ҳиндустон ва Кения 114 сафар анҷом дод. Мақсади асосии сафарҳои хизматӣ иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад», — афзуд Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






