Имрӯз дар баъзе минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят бориши сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 24+29 дараҷа гарм, рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 23+28 дараҷа гарм, рӯзона 37+42 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 25+27 дараҷа ва рӯзона 40+42 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






