Комроншоҳи Устопириён пас аз рақобат дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба корномаи варзишиаш хотима бахшид
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба корномаи варзишиаш хотима бахшид. Комроншоҳи Устопириён давоми фаъолият дар намуди варзиши самбо (5 маротиба), гӯштини қазоқӣ (1маротиба) ва гӯштини кураши узбеки (1 маротиба), дар маҷмуъ 7 маротиба чемпиони ҷаҳон гардидааст.
Хотиррасон менамоем, ки Комроншоҳи Устопириён аз 3-солагӣ тамринро оғоз карда, аввал ба гӯштини самбо ва баъдан ба ҷудо машғул гардид. Дар намуди варзиши самбо низ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ расида, ду маротиба байни наврасон ва ду маротиба байни ҷавонон чемпиони ҷаҳон гардидааст. Инчунин як маротибаи дигар байни ситорагони самбо ғолиб омадааст.
Комроншоҳ аз соли 2012 ба гӯштини ҷудо машғул шуда, то имрӯз барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон заҳматҳо кашидааст. Дар ҷудо низ 4 маротиба ғолиби Гран При, 2 маротиба чемпиони Осиё гардидааст, ки дар таърихи гӯштини ҷудои ватанамон он бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Инак Комроншоҳи Устопириён корномаи варзишиашро ба анҷом расонид. Бозиҳои олимпии Париж-2024 охирин мусобиқа дар корномаи ин ҷудочии соҳибноми тоҷик буд. Комроншоҳи Устопириён ба ҳайси номбардори миллати тоҷик ва варзишгари маъруф бо ҳунарнамоиҳои ҷолибу ҷаззоб дар майдонҳои бузург, бо шоҳкорию таърихсозиҳо дар дили мардуми тоҷик ҷой гирифта, исмашро дар таърихи варзиши тоҷик ба таври абадӣ ҳаккокӣ намуд.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз Федератсияи байналмилалии ҷудо








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






