Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ соҳиби се техникаи муосир гардид

Август 4, 2024 13:31

ХОРУҒ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсия шаҳри Хоруғ», ки дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, ба Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ 3 нақлиёт дастрас гардид. Корхонаи таъминоти об ва канализатсия қаблан 6 нақлиёти соҳавӣ дошта, дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми ин лоиҳа боз соҳиби 3 нақлиёти нави истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия гардид.

Директори ин корхона Зарифхон Зарифхонов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «таҷҳизоти техникӣ аз як нақлиёти калони партовпарто, як трактор, як мошини сабукрав иборат мебошанд. Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ» аз ду марҳила иборат буда, барои татбиқи он 4 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. То имрӯз ба маблағи 3 миллиону 300 ҳазор доллари амрикоӣ корҳои бунёду барқарорсозии хатҳои обгузару корезӣ ба анҷом расонда шудаанд».

Зарифхон Зарифхонов гуфт, ки ҳоло дастрасии сокинони шаҳр ба оби пок беҳтар гардидааст. Агар соли 2021 танҳо 60 фоизи сокинони маркази вилоят бо оби ошомиданӣ таъмин гардида бошанд, имсол ин рақам ба 90 фоиз расидааст. Сол аз сол заминаи моддӣ- техникии корхона қавӣ гардида, инфрасохтори он низ ба таври шинохтанашаванд тағйир ёфтааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 4, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад