МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба каду истеъмол намуд

Август 25, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар як рӯз 100 грамм каду истеъмол намоем, пас бунияи мо аз 29 то 30 килокалория неру ҳосил менамояд. Каду ғизои латиф аст, ки ташнагиро мешиканад, сулфаро рафъ месозад, барои бемориҳои синдроми метоболикӣ, яъне ниқрис (подагра) манфиати хуб дорад. Равғанаш барои сулфа ва дарди қафаси сина муфид аст. Абуалӣ ибни Сино низ кадуро барои табобати варамҳое, ки аз таъсири гармӣ ба вуҷуд меоянд, муфид фармудааст,  чунин маслиҳат медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Дар таркиби кадуи истеъмолӣ 90,32  фоиз  об, 9,68  фисад моддаҳои хушк, 1,1 фоиз сафеда, 6,5 фоиз карбогидридҳо, каротин, равған,  витаминҳои В1, В2, В6, В9, РР, С, макроэлементҳои К, Са, Mg, Р, микроэлементҳо, олтингӯгирд, хлор, оҳан, йод ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин дар тухми он 48-50 фоиз равған, 28 фоиз  сафеда ва ба миқдори муайян макро – микроэлементҳо вуҷуд доранд, ки истеъмоли онҳо барои организми инсон ниҳоят зарур мебошад.

Ба гуфти табибон, истифодаи он барои нафароне, ки аз ғизои серкалория азият мекашанд, фоидаи хуб дорад. Асосан барои муолиҷа тухм, дона, кӯфтаи мағз, ҷӯшобаи тухмдонаҳо ва дилаи кадуро аз қадимулайём то имрӯз истифода мебаранд.

Дар тибби мардумӣ мағзи донаи кадуро барои рафъи гиҷҷаҳо, яъне кирмҳои рӯда ба таври васеъ истифода мебаранд. Онро барои бемориҳои масона ва ҳангоми сустшавии кори ғадуди простата низ истифода менамоянд. Дар тибби Озарбойҷон шираи кадуро барои муолиҷаи заъфҳои кӯҳна ва дар тибби Тибет барои бемориҳои ҷигар, гурда, дил, илтиҳоби пардаи луобии меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба таври васеъ истифода мебаранд.

Таркиби дилаи каду аз маводи калий ва магний бой аст.  Агар гирифторони бемориҳои дил истифодаи дилаи кадуро дар шакли хом чун хӯриш омода намуда, истифода баранд, ин барои онҳо фоидаи калон дорад.

Таҳқиқоти илмӣ муайян намудааст, ки дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад ва мубодилаи моддаҳоро дар худи буния ба танзим медарорад. Шираи кадуи хом барои оромии асабҳо ва ба танзим даровардани кори асабҳо низ ниҳоят фоидабахш аст.

Одами камхоб ё пиронсол ҳар шаб 2-3 қошуқӣ аз шираи кадуи хом пеш аз хоб истеъмол намояд, метавонад бароҳат хоб равад. Каду хусусияти хуби пешобронӣ дорад. Истифодаи каду дар хӯрок имкон медиҳад, ки он намакҳое, ки дар гурда ҷамъ ва сабаби пайдоиши  сангҳо мешаванд, ба воситаи зиёд шудани пешоб  аз организм хориҷ шаванд.

Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба кадуро истифода намуд. Барои одамоне, ки аз 45-50-сола боло мебошанд, дар як рӯз 25-30 дона мағзи кадуро истифода намудан бисёр нафъовар аст.

Яке аз хусусияти хуби дигари каду он аст, ки аз он дар шароити хона ҳар гуна хӯрокҳо, чун ширкаду, кадушӯрбо, кадуи таги алов, гӯшту кадубирён, самбусаи кадугӣ, мантуи кадугӣ омода намудан мумкин аст.

Бештари сокинон барои зимистон каду захира намуда, тамоми фасли сармо аз он ҳар гуна хӯрокҳои лазиз омода менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид. Дар ин рӯз намоиш- фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 25, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид