МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббо дар фасли зимистон баданро аз бемориҳои эҳтимолӣ муҳофизат мекунад

Август 11, 2024 10:45

ДУШАНБЕ, 11.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли мураббои мевагӣ дар фасли зимистон фаъолияти рӯдаро танзим мекунад, кори дил ва рагҳои хунро муътадил мегардонад, баданро аз бемориҳои эҳтимолӣ муҳофизат мекунад, имунитетро мустаҳкам намуда, шамолхӯрӣ ва сулфаро пешгирӣ карда, камхуниро бартараф месозад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Ҳоло дар мамлакат мавсими захира ва омода намудани мураббою шарбат ва консерва мебошад. Зеро дар бозорҳои истеъмолии мамлакат фаровонии меваҳо ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ модарону кадбонуҳои тоҷик дар ин мавсим аз меваҳои тару тоза навъҳои гуногуни мураббо омода ва захира менамоянд.

Ба гуфти мутахассисон, беҳтарин мураббо он аст, ки шакли меваи он дар қиём тағйир намеёбад. Мурабборо бо ду тарз омода мекунанд- як навъашро бе омода намудани қиём ва навъи дигарашро бо шакар омехта карда, аз шарботи худаш тайёр мекунанд.

Ба тавсияи мутахассисон, барои омода намудани мураббо бояд навъи хуб пухта расидаи мева интихоб карда шавад. Дар аввал меваро бо тарзи дилхоҳатон буред ва ҳатман донаи онро ҷуда намоед. Сипас дар оби хунук баробар бо ҳаҷми мева шакар илова намуда, қиём тайёр намоеду меваро илова карда, дар оташи паст ҷӯшонед.

Тарзи дигари омода намудани муррабо ин аст, ки меваро дар оби хунук дар оташ ҷӯшонед ва вақте, ки мева рангашро дигар карда, обаш ранги меваро гирифт, онро аз об ҷудо намоед. Сипас ба оби мева шакар омехта карда, қиём омода созед. Онро хунук карда, меваи пухташударо якҷо намоеду боз дар оташи паст ҷӯшонед. Бояд гуфт, ки баъзе меваҳоеро, ки дар таркибашон об зиёд мебошад, баъди шуста тоза ва реза кардан бо шакар омехта, 5 ё 8 соат нигоҳ дошта, дар ҳарорати паст омода намоед. Оташи мураббо набояд баланд бошад.  Мурабборо ду ё се маротиба дар муддати кӯтоҳ ҷӯшонидан зарур аст, пеш аз ба зарф гирифтан мураббо бояд хунук бошад.

Барои ҳама гуна мураббо сифати қиём аҳамияти калон дорад. Агар мураббо хуб пазад, он гоҳ қиём шаффоф мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки мураббои пухта дар оби хунук тез ҳал намеша­вад. Барои беҳтар намудани таъм ва ранги мураббо ҷавҳари ванилин,  заъфарон ва ғайраро истифода баред. Шакар як консерванти қавӣ аст, аз ин рӯ ҳар гуна мураббо метавонад муддати дароз нигоҳ дошта шавад ва агар шумо қоидаҳои гигиенаро риоя кунед, мураббо тамоми зимистон таъму сифати худро нигоҳ медорад. Мурабборо дар ҳарорати аз 5 то 25 дараҷа гармӣ дар ҷои торик нигоҳ доред, ҳадди ақалл баъзан бояд шамол дода шавад. Ҳангоми тайёр кардани мураббо кафки болои мурабборо хориҷ кунед. Агар мураббо ғафс нашуда бошад, тавсия дода мешавад, ки боз ҳам ҷӯшонида шавад.

Зарфҳои алюминӣ барои пухтани мураббо тавсия дода намешаванд. Барои омода кардани мураббо зарфҳои сирдор созгор ҳастанд. Зарфи шишагинро пеш аз гирифтани мураббо хуб тамиз ва хушк намоед.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 11, 2024 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Чаро дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод заминҳои хоҷагии ёрирасон самаранок истифода намешаванд?
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ назаррас аст
Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд
ХАТИ ЗЕБО НИШОНАИ ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ. Имрӯз дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд
Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориҳои зоонозӣ кадом тадбирҳо андешида мешаванд?
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» амалӣ мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор гектар замини кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад
РАШТОНЗАМИН. Дар ин минтақаи хушманзараи Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ояндадор аст