НАЗАРҲО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕХОҲАНД. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат

Август 3, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар рушди илми тоҷикро мантиқан таҳлил намоем, пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки он ба ташаккули  фазои илмии дохилии ҷумҳуриамон вобастагӣ дорад. Аз назари мо, рафъи ин мушкилотро на мутасаддиёни ҳукумат ва сохторҳои масъули соҳаҳо, балки мунаққидҳо метавонанд бартараф намуда, бо далелҳои мушаххас насли наврасро ба омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят намоянд. Ба он шарте, ки асару мақолаҳои таълифнамудаи онҳо дар шакли муқоисавӣ  иншо гарданд. Барои тақвияти андеша  афзудани шумораи олимони унвондор қобили таҳсин аст, аммо то ҳол ба таври мушаххас гуфта наметавонем, ки дар заминаи рисолаҳои ҳимояшудаи онҳо дар мамлакат кадом консепсияҳои  илмӣ ташаккул ёфтанд ва онҳо дар ҷодаи илм ба кадом дастовардҳои илмӣ  ноил гардиданд. Чунин ибрози назар намуд коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат (30 майи соли 2024). 

— Баробари пахши мулоқот тавассути садо ва симо дар сомонаҳои иҷтимоӣ назарпардозиҳо оғоз гардиду нахустин суоле, ки ба миён омад, ин буд, ки минбаъд ислоҳоти соҳаи илми мамлакатамонро аз куҷо оғоз намоем. Нахуст бояд ёдовар шуд, ки бархе аз ҳамсоякишварҳо дар гузашта талаботи муносибатҳои бозаргониро ба инобат гирифта,  на танҳо академияи соҳавӣ, инчунин Академияи илмҳояшонро низ  барҳам доданд. Аммо  Сарвари давлати мо хело нозукона нақши илмро дар пешбурди ҷомеа эҳсос намуда,  ҳамон замон баён доштанд, ки «бе сармояи инсонӣ рушди иқтисодиётро дар марҳилаи ҳозира такомулу ташаккул додан ғайриимкон мебошад». Аз ин ҷиҳат ба ҳамаи мушкилоти давраи гузариш нигоҳ накарда, на танҳо сохтори Академияи илмҳоро тақвият бахшиданд, инчунин дар мамлакат якчанд академияи соҳавӣ, ба монанди Академияи илмҳои кишоварзӣ, Академияи тиббӣ ва Академияи педагогӣ таъсис доданд. Дар баробари ин барои аз нуқтаи илмӣ рушд додани давлатдории тоҷикон якчанд муассисаҳои илмӣ, ба монанди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти хоҷагии ҷангал, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илми Хатлон, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ, Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, Маркази илмии кишоварзии Помир ва Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарвариро ташкил доданд. Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта баҳри ҳамқадами замон гардонидани илми тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ  чор маротиба-  барои солҳои 2007- 2009, 2010-1012, 2015- 2020 ва 2020-2025  қарор оид ба «Номгӯи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.

Дар ин замина соли 2022 Ҳукумати ҷумҳурӣ Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» — ро қабул намуда, масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки барои таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуну санадҳои гуфташуда тадбирҳои дахлдор андешанд. Ҳадаф аз қабули онҳо, пеш аз ҳама, муайян намудани самтҳои авлавиятдоштаи илмии мамлакат ва ба ин васила тақвият бахшидани ҳамгироии илм бо истеҳсолот буд. Имрӯз суоли мубрам ин аст, ки мо дар заминаи амалигардонии кадом арзишҳои илмии бадастовардаи олимони ватанӣ метавонем ҳамгироии илмро бо истеҳсолот амалӣ намуда, ба ин восита тиҷоратикунонии илмро ба роҳ монем. Гарчанде ин паҳлуи масъала то ҳол дар ҷумҳурии мо ба таври пурра мавриди омўзишу назарсанҷии мутасаддиёни соҳа қарор нагирифта бошад ҳам, аммо воқеияти рӯзор имрӯз собит менамояд, ки ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, ба ташаккули афкори ҷадид  вобастагӣ дорад.

Доир ба ин масъала агар ба далелҳои оморӣ назар намоем, маълум мегардад, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторони илм чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст.  Аммо то ҳол ба таври дақиқ муайян карда нашудааст, ки дар заминаи ҳамин рисолаҳои ҳимояшуда  фазои илмии мамлакатамон то кадом сатҳ  рушду такомул ёфтааст.  Аз ин нуқтаи назар бояд ба фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) баҳо гузошт. Ин муассиса  фаъолияти коргузориашро бояд тарзе ба роҳ монад, ки натиҷаҳои ба дастовардаи рисолаҳои ҳимояшуда на танҳо ба рушди фазои илмии ҷумҳуриамон  мусоидат намоянд, балки инчунин ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ заминаи мусоид гузоранд. Афсӯс, ки чунин тамоюли масъалагузорӣ  ҳоло дар илм аҳён — аҳён ба назар мерасад.

Омилҳои ҷалби  ками ҷавонони болаёқат ба соҳаи илму маориф

Агар мулоқоти Сарвари давлатамонро бо намояндагони аҳли илму маорифи мамлакат холисона мавриди омӯзиш қарор диҳем, ҳадафи он воқеъбинона ошкор намудани ҷанбаҳои мушкилоти илму маорифи мамлакат дар шароити ҳозира ва ба ин васила ҳамқадами замон гардонидани он мебошад.  Тақвият бар ин андеша он аст, ки муҳтавои хулосабарориҳои Пешвои миллат ҳар корманди илму маорифро водор менамояд, ки вобаста ба тахассуси хеш натиҷаи соҳаҳои илму маорифро қиёсан мавриди омӯзишу назарсанҷӣ қарор диҳад. Аз назари Сарвари давлат, омили нигаронкунанда дар ин ҷода ҷалби ками ҷавонони болаёқат ба соҳаи илму маориф ва арзёбии холисонаи сатҳи таълифи рисолаҳои илмии онҳо  мебошад.

Пайваста ҳамагон ҳарф мезанем, ки бояд ҳар устод шогирд тайёр кунад. Лекин агар воқеъбинона назар намоем, маълум мегардад, ки на ҳама устод, балки ҳамон устоде шогирд тайёр карда метавонад, ки агар мактаби эҷодии худро  дошта бошад. Ва таҷрибаи рӯзгор собит менамояд, ки дар чунин мактабҳо бештар самтҳои авлавиятдоштаи  илм мавриди омӯзиш  қарор мегиранд. Агар ба гузаштаи начандон дур назар намоем, маълум мегардад, ки муҳтавои чунин масъалагузориҳо аз тарафи Сарвари давлатамон нав нест, балки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат чандин маротиба ин проблемаро масъалагузорӣ намуда, боре ҳам гуфта буданд, ки «…ман ҳамчун Роҳбари давлат орзу дорам, ки натиҷаҳои бадастовардаи олимонамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоям». 

Суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр метавон ин мушкилотро дар мамлакат бартараф намуд? Марҳум, профессор Зайналобуддин  Кобулиев дар  яке аз  мулоҳизарониҳояш баён дошта буд, ки «ман ба раиси Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон муроҷиат ва пешниҳод намудам, ки дар ҷумҳурӣ тақрибан 5-10 нафар шахсиятҳое ҳастанд, ки гарчанде  унвони илмӣ  надоранд,  аммо онҳо вобаста ба ихтисоси хеш дар сатҳи баланд асар, монография ва мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавие таълиф менамоянд, назару андешаҳои онҳо дар ташаккули фазои илмии мамлакатамон нақши бориз доранд. Чунин шахсиятҳо дар Русия дар асоси асарҳои таълифнамудаашон бо унвонҳои илмӣ мушарраф гардонида   мешаванд, чаро дар мо не?».

Солҳое, ки банда ба сифати саркотибии илмии Академияи хурди илмҳо  фаъолият менамудам, бо як зумра устодон, ба монанди Абдулфатоҳ Ҳотамов аз гимназияи Ҳотам ПВ, Абдулҳафиз Азизов, муаллими химияи литсейи №1 шаҳри Исфара, Абдуҷаббор Мирзоев, муаллими биология — географияи мактаби миёнаи №7 ноҳияи Ҳамадонӣ,  Анвар Умаров, Нормат Ҳайбатов-  устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, дарк намудам, ки гарчанде ин устодон унвони илмӣ надошта бошанд ҳам, агар бигӯем, ки  онҳо дар соҳаи педагогика, бахусус методикаи таълимӣ мактабҳои эҷодии худро доштанд, иштибоҳ намекунем. Зеро онҳо шогирдоне ба воя расониданд, ки бархе аз онҳо имрӯз муаррифони илми тоҷик мебошанд. Агар ҳамон замон онҳо дар асоси дастуру тавсияҳои таълимию методиашон ва тайёр намудани шогирдон бо унвонҳои илмӣ ҳавасманд гардонида мешуданд, шояд ҷалби чунин омӯзгорони варзида на танҳо ба соҳаи маориф тобиши дигар мебахшид,  инчунин фазои  устувори илмии ҷумҳуриро таъмин менамуд.

Возеҳтар гӯем, шояд ба туфайли назару андешаҳои муаллимони асили ҷумҳурӣ илми педагогика, бахусус методикаи таълимӣ вобаста ба воқеияти замон рушду такомул меёфт. Мушобеҳи чунин масъалагузорӣ дар соҳаи илм низ ба назар мерасад. Мисол, Мақсуд Ҳоҷиматов бе унвони илмӣ ҳамчун ходими хурди илмӣ китоби табиатшиносии синфи чорро дар замони тосоҳибистиқлолӣ таълиф намуда буд.  Баъдан байни олимон андешае роиҷ гардид, ки бояд чунин китоб аз тарафи унвондорон таълиф гардад. Воқеан таълиф гардид, аммо на дар сатҳи китоби  Мақсуд Ҳоҷиматов, ки ба зеҳни кӯдак таъсиррасон бошад.

Ё мисоли дигар. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар таълифи нашри якуми Китоби сурх Мақсуд Ҳоҷиматов нақши муассир гузошта буд. Баъдан нашри дуюми ин китоб интишор гардиду танҳо олимони унвондор ба таълифи он      ҷалб шуданд. Агар нашри якуми Китоби сурхро дар муқоиса бо нашри дуюм мавриди назарсанҷӣ қарор диҳем, бо тамоми паҳлуҳояш костагиҳои нашри дуюм  ошкор мегардад.

Чунин мисолҳо дар илм хеле зиёд ҳастанд, ки ҳоҷат ба баён  нест. Матлаб аз овардани чунин далелу андешаҳо он аст, ки дар чунин вазъи масъалагузорӣ чӣ тавр метавон илми ватаниро рушду такомул дод ва ниёзҳои иҷтимоии ҷомеаро ҳал намуд.

Танҳо раванди ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба натиҷаи кори олимон  баҳои воқеӣ  медиҳад

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, «имрӯз мо нисбат ба ҳар вақти дигар ба мутахассисони баландпоя ниёзи бештар дорем». Дар заминаи мулоҳизарониҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат бархе аз олимон иброз намуданд, ки танҳо ба туфайли нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, бахусус скопус метавон фазои илмии давлатамонро як дараҷа пурра намуд. Афзудани шумораи олимони унвондор қобили таҳсин аст, аммо то ҳол ба таври мушаххас гуфта наметавонем, ки дар заминаи рисолаҳои ҳимояшудаи онҳо дар мамлакат кадом консепсияҳои  илмӣ ташаккул ёфтанд ва онҳо дар ҷодаи илм ба кадом дастовардҳои илмӣ  ноил гардиданд. Печидагиҳои соҳаи илму маорифи мамлакат аз ҳамин нуқтаи назар маншаъ мегиранд. Ҳамон вақт дарки амиқи ин масъала фаҳмида мешавад, ки агар натиҷаҳои бадастовардаи олимон дар зинаи аввал нисбат ба олимони кишварҳои ҳамҷавор мавриди назарсанҷӣ қарор гирад. Бо чунин назардоштҳо агар ҳадафи Сарвари давлатамонро аз ин мулоқот хулосабардорӣ намоем, он пеш аз ҳама, нисбат ба солҳои қаблӣ  таҳлили вазъи кунунии илми муосири тоҷик  ва дар иртибот ба далелҳои мушаххас дарёфти самтҳои ташаккул додани он мебошад.  Чунки  то ҳол ба таври мушаххас гуфтан мушкил аст, ки илми муосир дар мамлакати  мо дар заминаи кадом консепсияҳо ва самтҳои  илмӣ ташаккул меёбад ва дар оянда  дар заминаи  кадом самтҳои илмӣ  метавон фазои илмии мамлакатро ташаккул дод. Вобаста ба ин масъала, агар дақиқ ҳарф занем, гарчанде дар бисёр кишварҳои ҷаҳон  самтҳои мухталифи илм фаъолият намоянд ҳам, аммо онҳо аз рӯйи баъзе самтҳои илм ба дастовардҳои беназир ноил гардида, давлати хешро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ин омилро ҳукумати ҷумҳурӣ ба инобат гирифта, пайваста ҳамгироии илмро бо истеҳсолот масъалагузорӣ менамояд. Чунки  танҳо раванди ҳамгироии илм бо истеҳсолот ба натиҷаҳои ба дастовардаи олимон  баҳои воқеӣ  медиҳад.  Чунончӣ, бархе аз одамони калонсол бар он назар ҳастанд, ки татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот на фақат ба талаботи муосир  ҷавобгӯ нест, инчунин  он амалан вуҷуд надорад. Муҳтавои ин андеша нишони он аст, ки Роҳбари давлатамон холисона пайдоиши  ин масъаларо ба таври воқеӣ пешкаши ҷомеа намудаанд.

Акнун суоле ба миён меояд, ки чӣ тавр метавон онро дар шароити ҳозира бартараф намуд. Аз назари банда, агар хоҳони ташаккули фазои илмии мамлакатамон бошем, нахуст бояд ҳаққи қалам ба андозае муқаррар карда шавад, ки эҷодкори асил тавонад аз ҳисоби ҳаққи қалам рӯзгори хоксоронаашро пеш барад. Чунин амали коргузорӣ ба эҷодкорони асил имкон медиҳад, ки на танҳо нақши худро дар ташаккули фазои илмӣ гузоранд, инчунин покии онро низ таъмин намоянд. Аз ин ҷиҳат, андешаҳои онҳо ба ташаккулу тафаккури илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ба он шарт асос мегузорад, ки дар воситаҳои ахбори омма баҳсҳои илмӣ ҷараён гиранд. Муҳтавои чунин баҳсҳо на танҳо ба ташаккули фазои илмии  ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, инчунин омили ҷалби насли наврас ба омӯзиши илмҳои муосир мегардад. Бояд дар чунин ҳолатҳо мақолаҳои на аз лиҳози академӣ, балки сирф дорои хусусияти илмию оммавибуда таълиф гардида, андешаҳои бикри академие тарғибу ташвиқ карда шаванд, ки тавонанд зеҳнияти хонандаро нисбат ба омӯзиши илмҳои муосир бедор ва тафаккури интиқодии онро ташаккул диҳанд.

Ҳоло дар байни олимону масъулини соҳа пайваста муколамаҳои доманадор оид ба самтҳои ҳамгироии илм бо истеҳсолот доир мешаванд. Чунин андешае ҷой дорад, ки бояд муҳтавои ҳар мавзуъ ба самти истеҳсолот нигаронида шавад. Ин хуб аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки аксар пажуҳишҳо дар илм хусусияти бунёдӣ дошта, бояд ҳамон андешаеро тарғибу ташвиқ кард, ки ҳиссиёти истеҳсолотчиёнро ба татбиқи арзишҳои илмӣ бедор намояд. Яъне, алоқамандии илму истеҳсолот қавитар гардад. Ин омил зарурати харидорӣ намудани зеҳнияти инсонро ба миён меорад.

Сарвари давлатамон пайваста баҳри дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани илми муосири тоҷик саъю талош доранд. Аз номуътадилии робитаи илм бо истеҳсолот то ҳол равшан нест, ки илми ватанӣ дар кадом сатҳ ниёзҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро ҳал менамояд. Аз ин ҷиҳат, амалигардонии андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда дар ин соҳа таҳлилу таҳқиқи хоссаро тақозо менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Август 3, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон вобаста ба таъмир ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар Бадахшон дастур доданд
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи дӯлона барои табобати бемориҳои рагу дил, асаб, диабети қанд ва тарбод муфид мебошад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид
Дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ АРТРИТ. Ба ин беморӣ бештар нафарони фарбеҳ гирифтор мешаванд
Хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо кори наҷотдиҳандагон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир ба самтҳои нави рушди илм дар соҳаҳои техникӣ конференсия доир шуд
Дар ноҳияи Шуғнон Маркази шуғли фосилавӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҷаласа баргузор шуд