НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар раванди cабзазоркунӣ бояд аз растаниҳои маҳаллӣ бештар истифода намуд

Август 22, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки тибқи он дар марҳилаи якум- солҳои 2025-2027 дар ҷумҳурӣ беш аз 10 миллион бех ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд.

«Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён дошта буданд, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ, пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим ва муҳайё намудани шароити мусоиди зисти аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тавре коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев иттилоъ дод, дар раванди тағйирёбии иқлим сабзазоркунӣ, хусусан барои шаҳрҳо масъалаи аввалиндараҷа мебошад, зеро агар дар мисоли Тоҷикистон гирем, иқлими мамлакати мо гарм буда, ин раванд барои мо хеле муҳим аст. «Мақсади сабзазоркунӣ дар шаҳри Душанбе- ин пеш аз ҳама, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз офтобзанӣ аст. Агар ба раванди сабзазоркунии шаҳр диққат дода бошед, аввалҳо маҷнунбед, баъдан сафедор ва чанор парвариш мешуд, ҳоло парвариши сӯзанбаргҳо ба роҳ монда шудааст»,-изҳор дошт коршинос.

Ҳасан Асоев мегӯяд, ки аз таҳлилҳои илмӣ хулоса кардан мумкин аст, ки барои мо рушд додани чанорпарварӣ зимни сабзазоркунӣ аҳамияти хосса дорад. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки растаниҳои сӯзанбарг ва ҳамешасабзро мо бояд ба сифати растаниҳои ороишӣ истифода барем, на барои сабзазоркунӣ, чунки байни дарахтони ороишӣ ва сабзкунанда тавофут хеле зиёд аст»,-мегӯяд ӯ.

Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» аз гармшавии ҳаво изҳори нигаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки давоми панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра гашта истодаем. Ба таъкиди Пешвои миллат, тибқи гузориши коршиносон, июли соли 2024 ҳамчун моҳи гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо сабт шуда, дар ин сол нишондиҳандаи баландтарини гармӣ ба назар расид. «Ин раванд нишони он аст, ки эҳтимол чанд соли оянда мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво гардем»,-баён доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин гуфтаҳо далели он аст, ки инсониятро давраи душвор ва серталош баҳри рафъи мушкилоти ҷойдошта ва бартарафсозии омилҳои инсонӣ дар пеш аст. Зеро тибқи таҳлилҳои бештари коршиносон, тағйирёбии иқлим маҳз маҳсули таъсиррасонии инсон ба табиат мебошад.

Гармшавии ҳарорат на танҳо зарари иқтисодӣ, балки ҷонӣ низ дар пай дорад. Барои мисол, гармозадагии гурӯҳи коргарон ба сатҳи пасти қобилиятнокӣ оварда мерасонад. То ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳисоб карда нашудааст, ки аз таъсири офтобзанӣ чӣ қадар аҳолӣ ба бемориҳо гирифтор мешаванд ва чӣ қадар қобилияти корӣ дар корхонаҳо паст мегардад. Ба андешаи коршиноси мо, бояд ин паҳлуи масъала мавриди омӯзиш қарор гирад.

Ҳасан Асоев бар ин назар аст, ки мебояд дар раванди сабзазоркунӣ аз растаниҳои маҳаллӣ васеъ истифода бурд, зеро онҳо ба муҳити ҳамон маҳал беҳтар мутобиқат шуда, нашъу намо мекунанд. «Ман чанд сол қабл пешниҳод карда будам, ки мо бояд ба сифати сабзазоркунӣ растаниҳои маҳаллиро истифода барем. Чунки растаниҳои маҳаллӣ метавонанд дар таносуби нигоҳдошти мувозинати табиӣ нақши асосӣ бозанд. Имрӯз дар талу теппаҳо ҳамасола растаниҳои сӯзанбарг мешинонанд. Соли дигар онҳо хушк мешаванд ва маблағ барҳадар меравад. Боре савол намедиҳем, ки чаро растаниҳо хушк мешаванд? Барои он ки ба ин растанӣ намие, ки барояш зарур аст, намерасад ва он хушк мешавад. Растаниҳои маҳаллӣ ба ин шароит мутобиқ ҳастанд, онҳо ҳам харҷи молиявиро камтар мекунанд, ҳам самараи баланди иқтисодӣ меоранд ва ҳам мардумро аз офтобзанӣ нигоҳ медоранд»,-мегӯяд эколог.

Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст ва аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд. Ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ дохил мебошанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат гузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.

Дар ҷумҳурӣ манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзор сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзор вобастагӣ дорад.

Пас, мебояд пайваста дар раванди сабзазоркунӣ саҳм гузошта, баҳри ба «мамлакати сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳама чораҳоро истифода барем. Ободии маҳал ободии ноҳия, шаҳр, вилоят ва давлат аст. Ҳар шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки барои сабзу хуррамгардонии мамлакат кӯшиш намояд. Як дарахти шинонида метавонад саҳми кучаки шумо барои сабзазоркунии саросарӣ дар мамлакат бошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Август 22, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ БОЯД ТАҚВИЯТ ЁБАД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
ЧОЙ НӮШОКИИ АЗ ҲАМА ЗИЁД ИСТЕЪМОЛШАВАНДА ДАР ҶАҲОН АСТ. Кадом навъи он ба саломатӣ фоида дорад?
ЧАККА ДАР ОШХОНАИ ТОҶИКӢ ҶОЙГОҲИ МАХСУС ДОРАД. Чаро онро парҳезӣ ва шифобахш номидаанд?
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Табобати нодурусти ангина сабаби гирифторӣ ба дигар бемориҳо мешавад
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
МАВСИМИ ЯХОБМОНӢ. Ба 345 гектар боғоти шаҳри Конибодом яхоб монда шуд
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад