НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад

Август 31, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Афзоиши гармии нурҳои Офтоб ва биёбоншавии замин ба камбуди маводи озуқаворӣ, камбизоатӣ ва зиёдшавии бемориҳои сироятӣ, инчунин барои кишварҳое, ки ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии онҳо бештар мебошад ё ин ки ба воридоти молу маҳсулоти кишоварзӣ эҳтиёҷи бештар доранд, таъсири манфӣ мерасонад. Дар навбати худ чунин ҳолати ногувори тағйирёбии босуръати иқлим сабаби афзоиши қарзҳои молиявии якчанд давлатҳо, яъне хатарҳое мегардад, ки ба нобаробарию сар задани муноқишаҳо ва ҷанги сард замина мегузоранд. Чунин ибрози назар намудааст сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Бобоев.

— Солҳои охир раванди босуръати тағйирёбии иқлим ба табиат ва ҳастии мавҷудоти он таъсири манфӣ расонида, инсоният ба раванди ҳассоси тағйирёбии сайёраи Замин ва оқибатҳои фоҷиабори он дучор гардидааст. Тоҷикистон бо роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми беш аз ду даҳсола аст, ки дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим ва бартарафсозии оқибатҳои нохуши он ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ташаббусҳои созанда пешниҳод менамояд.

Бо мақсади амалӣ гардонидани ин ташаббусҳо 17 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Тоҷикистон 98 дарсади барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад. «Аз рӯйи ҳиссаи тавлиди энергияи «сабз» мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем ва тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба сад дарсад расонем, яъне тавлиди неруи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои энергияи «сабз» ба роҳ монда, Тоҷикистонро то соли 2037 ба «мамлакати сабз» табдил диҳем».

Воқеан, давоми 200 соли охир баробари афзоиши газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки ин раванд боиси вайрон шудани тавозуни гармии Замин гардидааст, ба ҳаёти башарият ва иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон хисороти ҷиддӣ ворид мегардад. Вобаста ба натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқон ва коршиносон, давоми як сол тақрибан 22 миллиард тонна партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ихроҷ мегардад, ки иқлими сайёраи Заминро босуръат тағйир дода, гармии тоқатфарсо, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои обӣ, шумораи офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, сел, сӯхтор, бориши ғайриинтизор ва аз меъёр зиёд фаромадани ярчу тармаро бамаротиб бештар намудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъалаи муҳими тағйирёбии босуръати иқлим дар кори Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб диққати ҳамагонро ба дастгирии ҳамаҷониба ёфтани ташаббуси Тоҷикистон доир ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025, инчунин тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли оянда ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷашн гирифтани 21 март ва соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ намудани мамлакати мо ҷалб намуданд.

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 20 декабри соли 2018 зимни иҷлосияи 73–юм лоиҳаи қатънома таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро бо ҷонибдории 190 кишвари ҷаҳон қабул намуд. Қатънома манфиатҳои умумибашариро бо се ҷанбаи асосӣ: якум, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, дуюм, мушкилоти экологӣ ва сеюм, татбиқи барномаҳои иқтисоди «сабз» алоқаманд меҳисобад.

Дар қатъномаи қабулгардида аҳамияти махсуси захираҳои об барои рушди устувор ва бартараф намудани сатҳи камбизоатӣ таъкид гардидааст. Дар он бо изҳори нигаронӣ гуфта шудааст, ки яке аз омилҳои асосии норасоии оби нӯшокӣ дар тамоми ҷаҳон – тағйирёбии иқлим буда, зарурати таҳияи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об пеш омадааст.

Ба андешаи Пешвои миллат, ҳамаи минтақаҳои дунё бо ҳисоби  ҷаҳони Ҷануб имрӯз бинобар таъсири ногувори тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо, афзоиши аҳолӣ, қарзҳои молиявӣ, нобаробарӣ ва муноқишаҳо дар марҳилаи душвор қарор доранд. Дар робита ба ин, минтақаи фарохи Ҷануб барои муқовимат ба хавфу таҳдидҳои номбурда, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мудирияти устувори захираҳои табиӣ ба амалҳои муштараки фаврӣ ва тадбирҳои дигари зарурӣ ниёз дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 дарсади ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз лиҳози таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳони Ҷануб ба шумор меравад. Мамлакати мо ҳамасола ба обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад, ки аз он хисороти зиёди молӣ ва дар бисёр мавридҳо талафоти ҷонӣ мебинад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро то соли 2030» татбиқ менамояд.

Дарвоқеъ, таҳияи сиёсати экологӣ ба омӯзиши амиқи муносибатҳои экологию иқтисодӣ ва модели муосири рушди иқтисодӣ алоқаманд мебошад, ки мақсади асосии он нигоҳ доштани мувозинати иқтисодию экологӣ ва таъмини вазифаҳои ҳаётбахши захираҳои табиӣ дар сайёра ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат аз ҳамаи захираю имконият самаранок истифода намуда, барои расидан ба ҳадафҳои муҳим тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Масалан, ҳангоми таҳияи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин самт пешгирию аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ бо нигаронӣ дарҷ гардидааст: «Мушкилоти экологӣ ва осебпазирӣ, хусусан дар шароити коҳишдиҳӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим назаррас боқӣ мемонанд. Ба ин ҳадафҳо истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини устувории маҳалҳои аҳолинишин, андешидани тадбирҳои фаврӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, муҳофизати экосистемаҳои хушкӣ, таназзули замин, пешгирӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт дохил мешаванд. Аҳолии деҳоти Тоҷикистон бештар аз таназзули муҳити зист осебпазир ҳастанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва бартарафсозии оқибатҳои харобиовари онро дар муттаҳидии давлатҳои ҷаҳон, ҳамкории самарабахш ва бо ташаббуси башардӯстона, ки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони сайёра мусоидат менамояд, алоқаманд медонад. Дар баробари тағйирёбии иқлим ва афзоиши гармии нурҳои Офтоб ба сайёраи Замин шумораи аҳолие, ки ба об ва манбаъҳои обӣ дастрасӣ надоранд, афзоиш меёбад. Норасоии об низ масъалаи дигари муҳими замони муосир маҳсуб шуда, мушкилоти биёбоншавии заминро тавассути афзоиши гармии нурҳои Офтоб ба сайёраи Замин дар як қисми минтақаҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

Бинобар ин пуштибонии иқдоми Тоҷикистон доир ба масъалаҳои обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути даҳ қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҷассумгари нақши фаъол ва калидии давлати мо дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин қатъномаҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об, ки аз ҷумла дар «Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор» дарҷ гардидаанд, заминаи сазовор гузоштаанд. Солҳои охир мавзуи захираҳои об, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои обӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини устувори онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати мо муайян гардидааст.

Ин ҷо зарур мешуморем, ки самтҳои асосии гузариши минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба талаботи рушди устувор номбар намоем:

-муҳайё намудани заминаи ҳуқуқии гузариш ба рушди устувор, аз ҷумла такмили қонунгузории амалкунанда, ки механизмҳои иқтисодии танзими истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зистро муайян менамояд;

-таҳияи низоми ҳавасмандгардонии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ (одатан, мақсади асосии онҳо аз афзоиши истеҳсолот, кору хизматрасонӣ ва гирифтани фоидаи бештари иқтисодӣ иборат мебошад), ғайр аз ин муқаррар кардани маҳдудият барои натиҷаҳои самарабахши экологӣ, ки дар он биосфера на танҳо ҳамчун таъминкунандаи захираҳои эътимодбахшу давомдор, балки ҳамчун воситаи асосии ҳаётбахш барои ҳастии мавҷудоти табиат ва инсоният қабул карда мешавад.

Бояд ба таври махсус ёдовар шуд, ки нигоҳдории биосфера бояд шарти ҳатмӣ барои фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва унсурҳои алоҳидаи он бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханрониашон дар Саммити сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб доир ба вазъи фоҷиабори Фаластин ибрози андеша намуда, ҷонибдории худро барои оташбаси фаврӣ ва музокироти мусолиматомез иброз намуданд. «Мутаассифона, минтақаҳои гуногуни ҷаҳони муосирро мавҷи нооромиҳо ва низоъҳои мусаллаҳона фаро гирифта, шиддатнокии геосиёсӣ ба сатҳи бесобиқаи баланд расидааст. Ин ҳолат дар баробари хатару таҳдидҳои дигари амниятӣ суботи сиёсӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишварҳоро ҷиддан ноустувор гардонида, метавонад оқибатҳои зиёди манфии дарозмуддат ба бор оварад. Дар робита ба ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки барои пойдор намудани сулҳи устувор дар сарзамини Фаластин иқдоми муассир андешад».

Ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайян ба даст омадааст, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз тақрибан 1,2 миллиард нафар ба оби тоза дастрасӣ надоранд ва аз хушксолӣ ва биёбоншавию офатҳои табиӣ азият мекашанд. Вобаста ба хатару таҳдидҳои гуфташуда, нигоҳ доштани дастовардҳо дар даҳсолаи сипаригашта ва расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи 190 давлати ҷаҳон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ ёфт. Таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, обёрии бештари заминҳои кишоварзӣ, ҳифзи пиряхҳо аз нестшавӣ ва истифодаи самарабахши манбаъҳои об аз ҳадафҳои муҳими қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати бисёрҷанбаи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маҳсуб мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Август 31, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТАҲҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол