Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 5 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Фархор, Ваҳдат, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби рӯз шуниданд.
Ба барқарорсозии манзили оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суръати пасти барқарорсозӣ изҳори нигаронӣ карда, талаб намуданд, ки корҳо тезонда шаванд, то ки мардуми зарардида то ҷашни навбатии Истиқлоли давлатии кишвар соҳиби хонаҳои нав ва асбобу анҷоми рӯзгор шаванд.
Раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти таъмиру тармими муассисаҳои соҳаи маорифро то деҳоти дурдаст зери назорати бевоситаи худ гирифта, санадҳои иҷрои корҳоро шахсан худашон қабул намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда ҳамчунин доир ба сари вақт ва босифат анҷом додани кишти такрорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба зимистон дастуру супоришҳо дода, таъкид доштанд, ки роҳбарияти тамоми шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти масъул ба ин масъалаҳо бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






