РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Бахшида ба он дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Август 9, 2024 17:05

ДУШАНБЕ, 09.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 10 август дар Тоҷикистон Рӯзи варзишгарон муқаррар шудааст. Бо ин мақсад дар Боғи Ғалабаи ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.

Раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ бо намоишгоҳи дастовардҳои варзишгарони ноҳия шинос шуда, барои боз  ҳам баланд бардоштани нуфузи варзишии ноҳия ба варзишгарон маслиҳатҳои муфид дод. Иброз гардид, ки Рӯзи варзишгарони мамлакат дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки имрӯзҳо тамоми варзишгарону мухлисони соҳаи варзиши ҷаҳон аз баргузории Бозиҳои олимпии Париж-2024, ки аз рӯйи 32 намуди варзиш идома дорад, истиқбол менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки варзишгарони муваффақи ноҳия имсол аз мусобиқаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 42 медал, аз ҷумла 11 медали тилло, 6 медали нуқра ва 25 медали биринҷӣ гардиданд, ки ба ин васила шарафи варзиши ноҳияро дар ин мусобиқаҳо муаррифӣ намудаанд.

Бо мақсади мубодилаи таҷриба зиёда аз 50 навраси мактаби варзишии махсуси футбол аз 5 то 10 июли имсол дар Ҷумҳурии Узбекистон дар 14 мусобиқаи футбол иштирок намуда, дар ҳамаи мусобиқаҳо ғолиб гардиданд.

Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ мусобиқаҳои варзишие, ки ба ифтихори Рӯзи варзишгарон дар ноҳия идома доштанд, ҷамъбаст ва ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба варзишгароне, ки дар ин давра дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштирок намуда, Парчами давлатиро баланд бардоштанд, дар фазои тантанавӣ сипосномаҳои Раиси ноҳия ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Август 9, 2024 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид