САРЧАШМАҲОИ ДӮСТӢ БАЙНИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ КАЗОҚ БА УМҚИ АСРҲОИ МИЁНА МЕРАСАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ

Август 23, 2024 14:54

ДУШАНБЕ, 22.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба қавли аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, «сарчашмаҳои дӯстӣ байни халқҳои тоҷику казоқ ба умқи асрҳои миёна мерасанд. Фарҳанги умумӣ, таърих, анъанаҳои қазоқҳо ва тоҷикон заминаи мустаҳкаме мебошад, ки дар он ҳамкории бисёрҷанбаи мо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба бунёд меёбад». Дар ҳақиқат, дӯстии халқҳои тоҷику қазоқ решаҳои амиқ дорад. Аммо ҳамкории мутақобили онҳо аз нимаи аввали асри XVI оғоз мегардад, зеро дар ҳамин давра ташаккули халқи қазоқ ба анҷом мерасад. Чунин нигоштааст мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент Амриддин Шарипов дар мақолае ба унвони АМИТ «Ховар».

Назаре ба таърихи дӯстии халқҳои тоҷику қазоқ

Бо ташаккули халқҳои қазоқ ва таъсиси Хонигарии қазоқ дар соли 1470 муносибат байни халқҳои тоҷику қазоқ хусусияти пурмазмун ва нисбатан сермаҳсул касб намуд. Шоирони асрҳои XV-XVIII қазоқ, ба монанди Асан Кайги, Актам Бердӣ ва дигарон на танҳо адабиёти тоҷикро хуб медонистанд, балки ғояҳои баланди инсонпарварии онро дар ашъору достонҳо таҷассум менамуданд. Бисёр олимон ва ҳокимони асримиёнагии қазоқ забони тоҷикиро чун забони илму фарҳанг хуб медонистанд. Масалан, Султон Муҳаммад Мӯъмин марди донишманде буда, қисми зиёди «Шоҳнома»-ро аз ёд медонист. Муаллифи асри XVI писари Ҳошимбек — Қадиралибек асари муаррихи маъруфи асри XIII Рашидаддини Ватвот «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро ба таври мухтасар ба забони туркӣ гардонида, шаҷараи хон ва султонҳои асрҳои 15-16-ро тартиб додааст.

Самти дигари ҳамкории адабии халқҳо тарҷумаи осори олимону шоирони тоҷик ба шумор меравад. Дар адабиёти қазоқ чунин шоироне буданд, ки эҷодиёти безаволи адабиёти классикии тоҷику форс, ба мисли «Шоҳнома», «Гулистон», «Калила ва Димна», «Лайлӣ ва Маҷнун» ва дигарҳоро ба забони хеш тарҷума менамуданд. Инкишофи минбаъдаи ҳамкории мутақобили тоҷикону қазоқҳо ба ду давра тақсим мешавад: 1) Муносибат дар чаҳорчӯби давлатҳои Осиёи Марказӣ -Аморати Бухоро, Хонигарии Қуқанд ва Хонигарии Хева (зиёиёни қазоқ бо асарҳои таърихию адабии тоҷику форсҳо шинос мешуданд). Зиёда аз он равшанфикрони қазоқ дар мадрасаҳои Бухорову Самарқанд ва Хоразму Кӯқанд таҳсил намуда, бо арзишҳои маънавию адабӣ ва инсондӯстии халқи тоҷик шинос мешуданд ва сипас онҳоро байни мардуми Дашти Қипчоқ паҳн мекарданд. Ҳамаи ин боиси ба вуҷуд омадани заминаи наздикшавии тоҷикону қазоқҳо гардид.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон

Яке аз шарикони муҳими сиёсӣ ва иқтисодии Қазоқистон Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор гаштанд. Аз оғози муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва маънавӣ-фарҳангӣ ҷараён гирифт, ки асоси онро ҳамкории мутақобилан судманд, тавофуқ дар бисёр масоили муҳими байналхалқӣ, ки аз манфиатҳои тарафайн бармеоянд, ташкил медиҳанд.

13 январи соли 1993 байни ҷонибҳо «Аҳднома оид ба асосҳои муносибат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» ба имзо расид, ки дар он самтҳои асосии муносибатҳои давлатҳо-эҳтироми истиқлолияти миллӣ, баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, кӯшиш барои барқарор намудани ҳамкории мутақобилан судманд- чӣ дар сатҳи давлатӣ ва чӣ дар сатҳи идорӣ муайян гаштанд.

Кӯшишҳои сиёсати хориҷии давлатҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ

Тавофуқи кӯшишҳои сиёсати хориҷии давлатҳо дар асоси бисёрҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир мегардад. Соҳаҳои ҳамкорӣ дар ин созмонҳо фарох буда, аз коркарду мутобиқати амалҳои сиёсати хориҷӣ баҳри ҳалли масъалаҳои муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ то танзими фазои густурдаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод, амнияту ҳамгироиро дар бар мегирад. Таҳлили натоиҷи иштироки давлатҳо дар ин созмонҳо аз наздикӣ ва мувофиқати мавқеи тарафайн оид ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ, ба мисли афзоиши равандҳои ҳамгироӣ, таъмини амнияти минтқавию байналхалқӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир ва ғайра дарак медиҳад.

Дар соҳаи фарҳангӣ муносибатҳо нисбатан чашмрас мебошанд. Дар раванди инкишофи таърихӣ ва таҷрибаи алоқаҳои мутақобила муайян гардидааст, ки робитаи воқеии халқҳо баъзан ҳамчун омили ҳалкунандаи ташаккули муносиботи иқтисодӣ ва фарҳангӣ баромад менамояд. Маҳз тавассути чунин робита тоҷикону қазоқон метавонанд якдигарро хубтар фаҳманд ва табодули фарҳангӣ ба роҳ монанд.

Дар оғози ҳазораи навин бинобар истиқрори сулҳу субот, оғози рушди иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиши таваҷҷуҳ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва оғози амалиёти байналхалқии зиддитеррористӣ дар Афғонистон ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон рушд намуд.

Сафари аввалини расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2000 саҳифаи нави муносибатҳои давлатҳоро ифтитоҳ бахшид. Дар натиҷаи сафар 8 ҳуҷҷати дорои хусусияти байниҳукуматӣ ва байниидорӣ ба имзо расида, пойгоҳи аҳдномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории давлатҳоро тақвият дод.

Ҳарду давлат сиёсати бисёрсамтиро пеша намуда, барои ҳамкорӣ бо тамоми мамлакатои манфиатдори ҷомеаи ҷаҳонӣ омода мебошанд. Вале новобаста аз ин самти ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус нисбат ба якдигар афзалиятнок боқӣ мемонад.

Самти афзалиятноки ҳамкории иқтисодии ду давлат

Самти афзалиятноки ҳамкории иқтисодии давлатҳо- саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, сохтори мошинсозӣ, комплекси агросаноатӣ, саноати сабук, энергетика, коммуникатсия ва нақлиёт мебошад. Аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон асосан қувваи барқ, нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ ва нассоҷӣ содир мешавад. Аз Қазоқистон ба ҷумҳурии мо ғалла ва маҳсулоти ғалладона, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, металл ва нуриҳои минералӣ ворид мешаванд. Динамикаи инкишофи ҳамкории тиҷоратӣ хусусияти мусбат дошта, ҳамасола дар афзоиш аст.

Тамоюли дигари ин марҳилаи ҳамкорӣ- сатҳи баландтари равобит ва ҳамкории иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар шаҳрҳои Алмато ва Душанбе ҷамъиятҳои дӯстии «Тоҷикистон ва Қазоқистон» ва «Қазоқистон ва Тоҷикистон» таъсис ёфтаанд.

Яке аз воқеаҳои муҳимтарини марҳила- ин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 4-5 моҳи майи соли 2006 мебошад. Дар ҷараёни сафари расмӣ 7 ҳуҷҷати муҳими байнидавлатӣ ва байниидорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо, аз ҷумла раванди муҳоҷирати меҳнатии муҳоҷирони тоҷик, боркашонии автомобилӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат оид ба ҷавонон, илм ва маорифро танзим менамоянд.

Дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмӣ оид ба сиёсати хориҷӣ, баромадҳои расмӣ ва паёмҳои солона муносибат бо Қазоқистон дар баробари дигар шарикони стратегӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳим касб менамояд.

Сафарҳо- таҳкимбахши муносибатҳои дӯстона байни ду давлат

Сафарҳои минбаъдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин давлат дар солҳои 2008, 2010 ва 2011 таҳкимбахши муносибатҳои дӯстона байни ду давлат гардиданд.

Ин сафарҳо на танҳо заминаи ташаккули пойгоҳи аҳдномавӣ-ҳуқуқӣ байни давлатҳо, балки боиси наздикии мавқеъ, дарки амалҳои дастҷамъона барои умқи равандҳои ҳамгироӣ ва зарурати таъмини амнияти минтақавӣ шуданд.

Рушди тадриҷӣ ва ҳадафманди ҳамкорӣ дар солҳои истиқлолият заминаи гузариш ба муносибатҳои шарикии давлатҳо гардид, ки далели он «Аҳднома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 сентябри соли 2015 мебошад. Созишнома сатҳи ҳамкории ҷумҳуриҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, дар самти рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни онҳо шароити мусоид фароҳам овард.

Нуқтаи авҷи ташаккули ҳамкории мутақобили ду давлат имзои Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқӣ мебошад, ки 4 майи соли 2023 дар заминаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Давлатҳо роҳи асосии эмин мондан аз фишори байналхалқиро дар ҳамкории густурда дар доираи ниҳодҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, пеш аз ҳама, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналхалқӣ мебинанд. Хислати мусбати чунин амалкарди ҳамкории мамлакатҳо дар он аст, ки онҳо новобаста аз мушкилоти мавҷуда дар ҳамоҳангӣ бо қудратҳои минтақавӣ ба ҳалли масоили байнидавлатӣ даст меёбанд.

Дар оғози ҳазораи навин муносибатҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон бо чунин хусусият фарқ менамояд:

Рушди ҳамкории иқтисодӣ байни ду давлат- агар соли 2000 табодули мол байни ду мамлакат 88,1 миллион долларро ташкил диҳад, пас ин нишондиҳанда соли 2023 тақрибан ба 1500 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки аз рӯйи ин нишондиҳанда Қазоқистон дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баъд аз Русия ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқӣ байни давлатҳо аз 50 ҳуҷҷат дар соли 2007 то ба 140 адад дар соли 2024 расид, ки ба таъмини устувори муносибатҳои давлатҳо дар тамоми соҳаҳо мусоидат менамояд.

Ташаккули сифатии ҳамкории фарҳангӣ

Рӯзҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо дар ҳудуди якдигар ба таври мунтазам доир мешаванд. Дар баробари ҷамъиятҳои дӯстӣ дар ҳудуди якдигар марказҳои илмӣ–фарҳангии тоҷикон дар Қазоқистон ва маркази фарҳангии қазоқӣ бо номи «Байтерек» дар Душанбе фаъолият менамоянд. Дар Қазоқистон диаспораҳои зиёди тоҷикон зиндагию фаъолият намуда, дар асоси санаду меъёрҳои байни ду давлат қабулгардида дорои имтиёзҳои муайян, аз қабили будубош дар ҳудуди якдигар бе бақайдгирӣ то 30 рӯз ва дар ҳоли ба қайд гирифтан то 90 рӯзи зиндагӣ мебошанд.

Дар маҷмуъ равобит ва ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар оғози садаи XXI амалан ба марҳалаи сифатан нав — марҳалаи ҳамкории бунёдӣ ва ҳамёрии васеи сатҳи муосир ворид мешавад, ки ҷавобгӯи манфиатҳои ду давлати дӯст ва пешрафту ободии минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ мебошад.

Амриддин ШАРИПОВ,
мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Август 23, 2024 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол