Ситораҳои футбол ва шоу-бизнес ба «МегаФон Football Day» омодагӣ мебинанд

Август 27, 2024 08:22

ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо», ки рӯзи якшанбе, 1 сентябр  дар майдони марказии Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни бозӣ мунтазам тамринҳо мегузаронанд.  Дар як даста — собиқ бозингарони дастаи мунтахаби миллӣ, дар дастаи дигар — ситораҳои шоу-бизнес ва Instagram. Ҳаяҷону изтироб шиддат меёбад, зеро ба наздикӣ онҳо дар пеши садҳо нафар мухлисон вориди майдон мешаванд!

Дар майдони тамрини дастаи мунтахаби миллӣ омодагиҳо идома доранд. Варзишгароне, ки футболи тоҷикро шуҳратманд гардонидаанд, боғайратона боз ба майдон мебароянд.

«Мо нисбат ба рақибон эҳтиром дорем, аммо дар бозӣ ҳама маҳорати худро пурра нишон медиҳанд. Ин на танҳо бозӣ аст – ин имконияти бори дигар эҳсос кардани руҳияи даставӣ мебошад, ки моро муттаҳид кард»,-мегӯяд собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов.

«Мо дар назди мухлисон масъулияти баланд дорем. Онҳо ин бозиро интизоранд ва мо бояд тамоми қобилияту маҳоратро нишон диҳем. На танҳо ғолиб омадан, балки нишон додани бозии ҷолибу зебо низ муҳим аст», — иброз медорад собиқ нимҳимоятгари дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Дилшод Восиев.

Дар тарафи муқобили майдон ситораҳои шоу-бизнес бо шавқу ҳавас усулҳои футболро аз худ мекунанд. «Футбол – ин дунёи дигар аст, вале мо ба бозӣ омодаем! – мегӯяд блогер Baron. – Мо таҷрибаи кофӣ надошта бошем ҳам, аммо дастгирии мухлисон ба мо неру мебахшад».

Сароянда Фаррух Ҳасанов мегӯяд, ки ҳадафи мо – исботи он аст, ки мо бо футболбозони касбӣ рақобат карда метавонем ва ҳамзамон аз бозӣ ҳаловат мебарем. Ба бозӣ тайёрем ва омодаем, ки ҳамаро бо бозии худ дар ҳайрат гузорем.

«Барои мо ин бозӣ – имконияти нишон додани худ аз тарафи дигар аст. Мо ба саҳна одат кардаем, аммо имрӯз саҳна — майдони футбол аст. Кӯшиш мекунем, то мухлисон бо мо ифтихор кунанд!» – илова мекунад дидҷей Emre Jan.

Тамринҳо идома доранд. Мухлисон танҳо тахмин карда метавонанд, ки дар ин бозии ҷолибу беназир кӣ пирӯз мешавад. То дидор дар «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»!

Шарики кулли иттилоотии «МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»– АМИТ «Ховар».

Шарики расмии иттилоотӣ – Pressa.tj.

Шарикони иттилоотӣ – ТВ-Тоҷикистон, ТВ-Ҷаҳоннамо ва Love Radio TJ.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Август 27, 2024 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад