Сокинони шаҳри Турсунзода дар машқи ҳарбӣ-сиёсии таълимӣ иштирок намуданд
ТУРСУНЗОДА, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 август дар шаҳри Турсунзода машқи ҳарбӣ-сиёсии бонги таълимии «Хатари ҷанг» баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ва сокинони ватандӯсти шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Бонги таълимӣ ҳолати омодабоши иштирокчиёни мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбариро дар шаҳри Турсунзода муайян намуд, ки дар он қариб даҳ ҳазор нафар аз ҳисоби шаҳрвандони дар эҳтиёт буда, ҷавонон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ҳолати омодабошии ҷангиро нишон доданд.
Сарҷамъ шудани мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода бо шунидани бонги таълимии «Хатари ҷанг» дар ин майдони кушод бори дигар собит менамояд, ки сокинони ватандӯст сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ ба ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол пурра дастгирӣ намуда, ҳамеша ба ҳифзи Ватан омода мебошанд. Мо на танҳо имрӯз, балки ҳамеша бояд зираку ҳушёр бошем, сулҳу суботи Ватанро поянда нигоҳ дорем ва барои пойдории амнияти мамлакат саҳм гузорем.
Бо мақсади санҷиши омодабошии ҳолати иштирокчиёни мудофиаи ҳудудӣ дар ҷамъомад техникаҳои гуногун намоиш дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид






