СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Бадахшон 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд

Август 13, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) 19 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд. То охири сол 30 корхона ва коргоҳи саноатӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус 12 август зимни нишасти матбуотӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иттилоъ дод.

Инҳо корхонаҳои коркарди мева, гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, ду хоҷагии калони моҳипарварӣ, корхонаи истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширӣ, гиёҳҳои шифобахши Бадахшон, равғани ангат, коргоҳи макаронбарорӣ, корхонаи калони сангбарорӣ ва ғайра мебошанд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар ин давра 94,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 19,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳ корхонаҳои дӯзандагии вилоят ба маблағи 2,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 73 фоиз зиёд мебошад.

То 1 июли соли 2024 аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагии вилоят ба миқдори 11 006 адад либоси мактабӣ дӯхта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Август 13, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд