Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории Mpox-ро ҳолати фавқулодаи ҷаҳонӣ эълон намуд

Август 15, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи чаҳоршанбе хуруҷи кунунии бемории Mpox (номи нави нағзаки маймун)-ро ҳолати фавқулода дар самти тандурустии ҷамъиятӣ (PHEIC) номид. Созмон дар робита ба эҳтимоли паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар додааст.

«Имрӯз аъзои Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир намуда, хабар доданд, ки ба ақидаи онҳо, хуруҷи бемории Mpox дар самти тандурустии ҷамъиятӣ ҳолати фавқулода мебошад. Ман ба андешаҳои онҳо гӯш додам», — гуфт директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дар нишасти матбуотӣ дар Женева.

Ба иттилои Т.А.Гебрейесус, PHEIC- сатҳи баландтарини хатаре аст, ки дар қонунгузории байналмилалии тандурустӣ пешбинӣ шудааст. «Ин ҳолате аст, ки бояд ҳамаи моро ба ташвиш орад. Иқтидори паҳншавии минбаъдаи Mpox дар Африқо ва берун аз он хеле ташвишовар аст»,-гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи ҳодисаҳои гирифторӣ ба Mpox имсол аз нишондиҳандаҳои соли 2023 бештар буда, аз аввали сол беш аз 14 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ ва 524 фавт сабт шудааст.

АКС: «Синхуа»

Август 15, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад