ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, панҷшанбе, 214-умин рӯзи соли 2024 аст
Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро имзо намуданд.
***
10 қабл қабл, 1 августи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Симонетта Соммаруга ба муносибати солгарди иди миллии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
1 августи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонида шуд.
***
1 августи соли 2018 ҳайати беш аз панҷоҳ нафараи фарҳангиёни тоҷик таҳти роҳбарии собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард.Ҳайати мазкур аз шаҳрҳои қадимаю бостонии Узбекистон, назири Самарқанд боздид намуда, бо аҳли зиё ва фарҳанги ин кишвари дӯст ва ҳамсоя вохӯрию мулоқот анҷом дод.
***
1 августи соли 2022 густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид.
***
1 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 ҳунармандони боистеъдоди Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали I байналмилалии санъати сиркӣ «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардиданд.
1 АВГУСТ:
Дар Ангола — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.
***
Дар Чин – Рӯзи таъсиси артиши халқӣ- озодкунанда.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Раҷаб Амонов –соли 1923— фолклоршинос, мунаққид ва нависандаи тоҷик. Узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор. Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941—1945).