ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 11, 2024 08:00

11 августи соли 1937 Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

11 августи соли 2004 дар шаҳри Душанбе бинои нави Шурои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

11 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии таҳсилотии Ҷумҳурии Беларус  баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шуд.

***

11 августи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Унвони «Доктори фахрӣ»-и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардонида шуданд.

***

11 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Конибодом Паранда» оғози расмӣ бахшиданд.

***

11 августи соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Маданияти деҳоти Куҳандиëри шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами 15-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

11 августи соли 2023 бори нахуст дар шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкории G5 доир гардид.

11 АВГУСТ:

Дар бархе аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

***

Дар Чад –Рӯзи истиқлол.

***

Дар Зимбабве –Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар Латвия – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон барои озодӣ

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД

Абдуғаффор Абдуҷабборов —соли 1956 — нависанда, тарҷумон ва драматурги муосири тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1988), Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон (1990), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997), Ассотсиатсияи публитсистони Тоҷикистон (2007), узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2010), узви ифтихории Академияи байналхалқии фарҳанг, илм ва тиҷорати Санкт-Петербург (2011), узви Иттифоқи умумирусиягии нависандагон (2013).

Август 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш