ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
12 августи соли 2010 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, таъкид намуданд, ки «ҳар қитъа замини корам, хусусан заминҳои обӣ бояд пурсамар истифода шаванд, то ки бозори истеъмолии мамлакат бештар бо маҳсулоти дохилӣ таъмин шуда, аз таъсири манфии омилҳои берунӣ эмин бошад».
***
12 августи соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд.
***
Соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардида буд, соҳиби медали тилло ва унвони чемпионӣ шуд.
***
12 августи соли 2015 маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор гардида, се рӯз идома ёфт.
***
Соли 2015 шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи 16 шаҳри давлатҳои ҷаҳон ба ҳайати Раёсати Форуми рушд ва ҳамкории шаҳрҳои ҳавзаи иқтисодии «Роҳи Абрешим» пазируфта шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ гардид.
***
12 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Анҷумани 3-юми ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
***
12 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе нахустин вохӯрии вазирони энергетикаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои ҳамкорӣ дар бахши энергетика масъуланд ва Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок доштанд.
***
12 августи соли 2022 Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
12 августи соли 2022 дар машқгоҳи саҳроии Фахрободи гарнизони Хатлон бо иштироки ҳайати шахсии ҷузъу томи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат таҳти унвони «Пойгаи қаҳрамонон» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.
***
12 августи соли 2023 дар Душанбе нахустнамоиши филми мустанади «Фасли навини футбол», ки ба муваффақияту дастовардҳои футболи Тоҷикистон дар даҳ соли охир таҳти роҳбарии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида шудааст, баргузор шуд.
12 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
***
Дар Таиланд — зодрӯзи шоҳзода ва Рӯзи модар.
***
Дар Русия – Рӯзи варзишгарон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Нозирҷон Боҳирӣ -соли 1940— шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)