ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
19 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардониданд.
***
19 августи соли 2011 ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон эътимоднома супориданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Гян Чандра Ачария масоили ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ гардид.
***
19 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шурои ҷаҳонии об Бенедитто Брага аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шурои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи китоби Ҳиндустон оғоз гардид.
***
19 августи соли 2019 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Личунро ба ҳузур пазируфтанд. Таъкид гардид, ки қариб панҷ сол аст Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар сармоягузории лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар давлатҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.
***
19 августи соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сазовор таҷлил намудани 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим бинои замонавии Нозироти андози ноҳия ифтитоҳ гардид.
19 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии акс.
***
Рӯзи ҷаҳонии кумаки башардӯстона.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Саидалӣ Гулов, соли 1954 — доктори илмҳои биология (1998), профессор (2001), дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2014), узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2014). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2003), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2011).